“Тоҷик Эйр” 622 ҷасади муҳоҷиронро ба таври ройгон интиқол додааст
Image copyrightBBC World ServiceДар соли гузашта ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” 622 ҷасади муҳоҷири тоҷикро аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон интиқол додааст.
Фирӯз Ҳамроев, раиси ин ширкат, рӯзи сешанбеи 28 январ дар нишастt хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон интиқоли аҷсоди ин афрод ба ватан ба таври ройгон анҷом мешавад.
Ҳамзамон, оқои Ҳамроев таъкид кард, ки дар бораи интиқоли ройгони аҷсоди муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби ширкатҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, назири “Сомон Эйр” ё “Истера” ва ширкатҳои ҳавоии Русия иттилоъе надорад.
Зимнан, бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз кишварҳои хориҷӣ ҷасади 960 муҳоҷири корӣ ба ин кишвар мунтақил шудааст.
Гуфта мешавад, бахши умдаи ин афрод бар асари беморӣ, сонеҳа дар маҳалли кор ё ба дасти миллатгароёни рус ҷон бохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтанд, ки ҳамчунин, ҳавопаймоҳои ин ширкат муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба далоили мухталиф аз шаҳрҳои Русия ихроҷ мешаванд, ба таври ройгон ба ватан мерасонад.
Тибқи иттилоъи ин ширкат, дар соли гузашта “Тоҷик Эйр” 1006 нафареро, ки аз русия ихроҷ шуда буданд, ба ватан мунтақил карда ва ба ин ҳисоб ба шрикат ба миқдори 350 ҳазор дулори омрикоӣ хисороти молӣ ворид шудааст. Ба ҳар сурат мизони хисорот дар муқоиса ба соли 2012 ( 500 ҳазор дулор) коҳишро нишон медиҳад.
Масъулони ширкат далели ин амрро ба тадобири “Тоҷик Эйр” марбут хонданд. Аз ҷумла, дар фурудгоҳи Душанбе ба мусофироне, ки дар феҳристи “сиёҳ”-и Идораи муҳоҷирати Русия ворид шудаанд, иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар дода намешавад.
Феълан дар сойти Идораи муҳоҷирати Русия феҳристи афроде, ки дар ин кишвар ба иттиҳоми иртикоби ҷароими мухталиф ихроҷ ё мамнӯъулвуруд шудаанд, мунташир шудааст. Ин афрод дар муддати 5 соли оянда ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.
Намояндагони ҳизби либерол-демукроти Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский дар Думои давлатӣ ё порлумони Русия пешниҳод кардаанд, ки муддати манъи вуруд то 15 сол тамдид шавад.
Зимнан, бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия ҳоло беш аз 400 муҳоҷири тоҷик барои нақзи муқаррароти муҳоҷират ё ҷароими идорӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавнад ва қарор аст, ин афрод дар рӯзҳои наздик аз Русия ихроҷ шаванд.
