'Тоҷик Эйр': Парвозҳо ба Бишкек ба таври муқаррарӣ анҷом мешавад
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони “Тоҷик Эйр”, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодисаи рӯзи гузашта дар фурӯдгоҳи “Манас”-и Қирғизистон дар парвозҳои ин ширкат ба Қирғизистон асаре надоштааст.
Лола Кенҷаева, сухангӯйи ин ширкат, рӯзи панҷшанбеи 23 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки парвозҳо ба шаҳри Бишкек тибқи нақша ҳафтае ду маротиба сурат мегирад ва билетҳо барои парвози оянда дар ҳоли фурӯш аст.
Зимнан, рӯзи чаҳоршанбеи 22 январ ба 37 тан аз мусофирони тоҷик, ки тавассути ширкати “Тоҷик Эйр” ба фурӯдгоҳи “Манас”-и шаҳри Бишкек ворид шуда буданд, ҳудуди 2 соъат иҷозаи хориҷ шудан аз бинои фурӯдгоҳ дода нашудааст.
Чунин мушкил ҳангоми парвози мусофирони ширкати “Тоҷик Эйр” аз Бишкек ба Душанбе низ пеш омадааст.
Хабаргузории “24.kg”-и Қирғизистон аз қавли Нурхон Тоҷибоева, сухангӯйи фурӯдгоҳи “Манас”, гуфтааст, ки барои мусофирони тоҷик тафтишу назорати марзию гумрукӣ дар фурӯдгоҳ ташдид шудааст.
Ба гуфтаи хонуми Тоҷибоева, ин тафтишот ба хотири мушаххас кардани эҳтимоли даст надоштани онҳо дар фаъъолиятҳои терруристӣ, бунёдгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир анҷом мешавад.
Ҳамзамон, ӯ эътироф кардааст, ки ин тасмим дар пайи бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тирандозиҳо дар манотиқи марзӣ иттихоз шудааст.
Дар пайи даргирӣ миёни марзбонони ду кишвар дар минтақаи марзии байни исфара ва Бодканд, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ рух дод, 6 марзбони қирғиз ва 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда буданд.
То ҳол моҷарои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳал нашуда, Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳояшро баста ва сатҳи намояндагии диплумотики худ дар шаҳри Душанберо пойин бурдааст.
Дар ҳамин ҳол, Николай Бордюжа, дабири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфтааст, ки ин созмон бо мақомоти тоҷику қирғиз дар тамоси доимӣ буда ва аз онҳо даъват кардааст, то мушкилоти марзиро аз роҳи музокира ҳаллу фасл кунанд ва аз вуқӯъи даргириҳо дар марз ҷилавгирӣ кунанд.
Оқои Борюжа мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи мавриди баҳс дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз илали аслии ин ихтилофот арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки ин мушкил бояд дар музокироти дуҷониба баррасӣ шавад.
Ба гуфтаи ӯ, СПАД дар мухолифати марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ҳарду аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд, мудохила намекунад ва танҳо барои ҳалли мусолиматомези он нақши миёнҷигариро иҷро хоҳад кард.
