Зойиров: Мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон бояд сареъан ҳал шавад
Image copyrightBBC World ServiceРаҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), мақомоти тоҷик ва қирғизро даъват карда, ки ҳарчӣ зудтар манотиқи марзии миёни ду кишварро аломатгузорӣ кунанд.
Ин матлабро оқои Зойиров дар баёнияи худ матраҳ кардааст, ки дар сойти расмии ҲСДТ рӯзи панҷшанбеи 16 январ мунташир шуд.
Дар ин баёния нахуст аз даргирии рӯзи 11 январ дар минтақаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, ки ҳашт нафар захмӣ бар ҷо гузошт, изҳори нигаронӣ шудааст.
Дар идома оқои Зойиров ҳамчунин аз баёнияи Вазорати хориҷаи Қирғизистон ва Ҳизби сусиёлисти “Ата мекен”-и он кишвар изҳори норизоятӣ карда ва афзудааст, ки ҲСДТ мухолифи тавтеаандозӣ дар ин замина мебошад.
Вай навиштааст: "Даргирӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва миёни низомиён рух додааст. Ба ин далел, ҷониби Қирғизистон ҳақ надорад ин ҳодисаро ба гунаи ҳамла арзёбӣ кунад."
Оқои Зойиров изҳороти ин ду ниҳоди кишвари ҳамсояи Қирғизистонро навъе иғвоангезӣ талаққӣ кардааст.
Дар идомаи баёнияи худ оқои Зойиров таъкид карда, ки ҲСДТ мувофиқ аст, ки ҳалли масоили аломатгузорӣ ва таъйини хутути марзӣ авлавият дорад ва солҳост, ки ҷамъияти минтақаҳои ҳаммарз аз ҳал нашудани ин мушкил азият мекашанд.
Оқои Зойиров навиштааст: "Ҳал нашудани ин мушкил ва ё ба дарозо гузоштани он боъиси азияти бештари аҳолии ин минтақа шуда ва сангинтар он аст, ки ба равобити дӯстонаи ду кишвар латма ворид мекунад."
Раҳбари сусиёл-демукротҳои тоҷик дар идома навиштааст: "ҲСДТ талошҳои мақомоти ҳар ду кишвар барои тақвияти нерӯи дифоъии худро зери шубҳа қарор надода, вале ҳамзамон тақозо мекунад, ки куллияи иқдомот барои ҳалли сареъи масоили марзии миёни ду кишвар рӯйи даст гирифта шавад."
Зимнан, ҲСДТ дувумин ҳизби сиёсии Тоҷикистон аст, ки дар робита бо даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон баёния мунташир мекунад.
Рӯзе қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ бо пахши баёнияе хостори ҳалли мусолиматомези ин қазия шуда ва аз “хомӯшии” ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон шадидан интиқод кард.
ҲНИТ пешниҳод кард, ки барои ҳалли ин мушкил аз нерӯи ҷомеъаи маданӣ, бавижа мазҳабиёни саршинос, низ истифода шавад.
ҲСДТ аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳматилло Зойиров аз чеҳраҳои саршиноси мухолиф ва мунтақиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар аст.
