Марзбонони қирғиз худро 'барои ҳамлаи эҳтимолӣ аз Тоҷикистон' омода мекунанд
Image copyrightaskar baymuratovДавлати Қирғизистон сафири худ дар Тоҷикистонро барои "мушовара" дар мавриди ҳаводиси ахир дар марзи ду кишвар дар минтақаи байни Исфара ва Бодканд ба Бишкек фаро хондааст.
Дар ин бора торнамои расмии Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон иттилоъ дода ва навиштааст, ки Урмат Саралаев рӯзи 14 январ ба Бишкек фарохонда шуд.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ки фарохони сафир ба манзури "мушовара" дар иртибот бо воқеъае, ки рӯзи 11 январ дар вилояти Бодканд, дар фосилае наздик ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон "бо истифода аз аслиҳаи гарм" рух дод, сурат гирифтааст.
Рӯзи 11 январ дар як даргирӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз дар минтақаи марзии байни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон дастикам шаш марзбони қирғиз ва ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Ин даргирӣ пас аз он шурӯъ шуда, ки гурӯҳе аз марзбонон ва атбоъи қирғиз мехостанд дар минтақаи мавриди баҳси ду кишвар ҷоддае утумубилрав созанд.
Мақомоти тоҷик ва қирғиз ҳамдигарро ба шурӯъ кардани тирандозӣ ба сӯйи якдигар муттаҳам кардаанд. Ин даргирӣ дар ҳоле рух дод, ки рӯзи 7 январ миёни мақомоти тоҷику қирғиз тавофуқе дар мавриди назорати муштарак бар манотиқи марзии мавриди баҳси ду кишвар ҳосил шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "24кг"-и Қирғизистон навишта, ки Алмозбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии он кишвар, имрӯз ҷаласае бо раҳбарони ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва низомии он кишвар анҷом дода ва масоили марзиро бо онҳо барарсӣ кардааст.
Гуфта мешавад оқои Отамбоев гузориши ҳукумат ва сохторҳои қудратиро дар бораи вазъияти марз шунида ва дастур додааст, ки тадобир барои таъмини амнияти сокинони манотиқи марзӣ ва беҳтар сохтани зербиноҳо ва шароити зисти онҳо тақвият дода шавад."
Вай ҳамчунин мақомҳои зирабти Қирғизистонро муваззаф карда, ки фароянди таъйини хутути марзӣ бо Тоҷикистонро "бо таваҷҷуҳ ба манофеъи миллӣ" тасреъ кунанд.
Аз сӯйи дигар, хабаргузории "24кг" аз қавли манобеъи низомии Қирғизистон хабар дода, ки таниш дар марз бо Тоҷикистон имрӯз дубора шиддат гирифтааст.
Ба гуфтаи ин манобеъ, имрӯз мақомоти Тоҷикистон дар номае аз мақомоти қирғиз хостаанд, ки ба сохтмони як ҷодда дар минтақаи марзии мавриди баҳси ду тараф хотима диҳанд, дар ғайри ин сурат Тоҷикистон "аз нерӯ истифода хоҳад кард."
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки дар наздикии хатти марз тарокуми низомиён аз ҳарду тараф дида мешавад.
Ҳамчунин Идораи марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки нерӯҳои марзбони қирғиз худро барои ҳамлаи эҳтимолии низомӣ аз ҷониби Тоҷикистон омода мекунанд.
Дафтари матбӯъотии ин ниҳод навиштааст: "Вазъият дар минтақаи марзии Оқсой ҳамчунон вахим аст. Имрӯз соъати 17 музокира миёни марзбонии ду кишвар доир шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон мавзеъи худро дар мавриди мамонеъат аз сохтмони ҷоддаи Куктош-Оқсой иброз дошт. Марзбонони тоҷик, ки дар музокира ширкат доштанд, ҳамагӣ либосҳои ҷангӣ ва монеъи гулӯла бар тан доштанд."
Идораи марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки барои дифоъ аз тамомияти арзии ин кишвар ҳамаи тадобир, аз ҷумла омодагии дифоъӣ дар баробари ҳамлаи эҳтимолӣ аз ҷониби Тоҷикистонро, ба иҷро гузоштааст.
"Масоили ҳамкорӣ бо ҳамаи сохторҳои қудратӣ баррасӣ шуд, Идораи марзбонии Қирғизистон эълом мекунад, ки аъмоли пархошҷӯёнаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон вазъиятро вахимтар карда ва ин амр ба тавсеъаи ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду кишвар мусоъидат намекунад."
Мақомоти қирғиз аз ҷониби Тоҷикистон хостаанд, ки "ҳамаи масоилро бо роҳи мусолиматомез ва дар гирди мизи музокира ҳал кунад, на бо намоиши нерӯ."
Дар муқобил, мақомоти Тоҷикистон аз ҳар гуна ибрози назар дар бораи вазъияти марз бо Қирғизистон худдорӣ мекунанд. Маълум нест, ки мақомоти тоҷик чи тадобире барои ҷилавгирӣ аз нооромӣ дар марз дар назар гирифтаанд ва оё худро барои ҳамалоти эҳтимолӣ аз сӯйи Қирғизистон омода кардаанд ё хайр.
Аммо як манбаъ аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки шоми имрӯз дар ин вазоратхона ҷаласаи вижае доир шуда ва масъулон вазъияти марзро баррасӣ кардаанд, ҳарчанд ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Субҳи имрӯз Додситонии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, эълом кард, ки дар мавриди даргирии марзии рӯзи 11 январ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса марзбонони қирғиз нахуст ба сӯйи марзбонони тоҷик гулӯла шиллик кардаанд.
