'Вазъият дар минтақаи Ворухи Исфара ҳамчунон ошуфта аст'

Як масъули устондории Суғд дар шимоли Тоҷикистон гуфт, ки то ҳол тазоҳуркунандагон роҳи иртиботӣ дар масири шаҳри Исфараи ин кишвар ва Бодканди Қирғизистонро боз накардаанд.
Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали устондори Суғд, ки дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара қарор дорад, рӯзи панҷшанбеи 19 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо вуҷуди музокироти тӯлонӣ тазоҳуркунандагони қирғиз роҳи утумубилрави Исфара-Бодкандро масдуд нигоҳ дошта ва аз убуру мурур ба рустои Ворух мамонеъат мекунанд.
Зимнан, рустои Ворух дар анклаве (порае аз хоки Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон) воқеъ аст, ки роҳҳои иртиботӣ ба он аз тариқи қаламрави Қирғизистон мегузарад.
Ба гуфтаи оқои Сангинов, феълан Токон Мабидов, муъовини нахуствазири Қирғизистон, ба вилояти Бодканд, дар наздики марзи ин кишвар бо Тоҷикистон сафар карда ва қарор аст соъате баъд ҷонибҳо мушкилоти марзиро баррасӣ кунанд.
Ӯ гуфт, ки ба муваффақияти ин музокирот ва ҳалли сареъи сӯиитафоҳумҳо миёни сокинони манотиқи марзии ин ду кишвар хушбин аст.
Зимнан, мухолифатҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон се рӯз қабл дар пайи оташсӯзии як манзили маскунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чойхонае дар қаламрави Қирғизистон шурӯъ шуд.
Гуфта мешавад, ҳудуди 200 тан аз атбоъи тоҷик роҳи мунтаҳӣ ба рустои Оқсойи Қирғизистон ва шуморе аз тазоҳуркунандагони қирғиз роҳи иртиботӣ ба рустои Ворухи Тоҷикистонро баста ва хостори боздошт ва муҷозоти омилони ин ҳаводис шудаанд.
Марзбонони тоҷику қирғиз тавонистаанд аз вуқӯъи задухӯрд миёни атбоъи ду кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳоло бозрасон илали оташсӯзиҳо дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд.
Дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ низ миёни сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва рустои Оқсойи вилояти Ботканд бар сари як тарҳи бунёди роҳ аз ҷониби қирғизҳо дар минтақае мавриди баҳс муноқишае сар зада ва бар асари он чаҳор маъмури пулиси тоҷик захмӣ шуда буданд.
Гуфта мешавад, пас аз лату кӯби роҳсозони қирғиз аз ҷониби сокинони Ворухи Тоҷикистон ҳудуди ҳафт ҳазор қирғиз ва чаҳор ҳазор тоҷик дар марзи муштараки миёни ду кишвар алайҳи якдигар сангар гирифтанд.
Танҳо дар пайи музокироти ҳайъатҳои расмӣ аз вилоёти Суғду Ботканд ва мутаваққиф шудани бунёди роҳ ин моҷаро ҳал шуд.
Дар ҳодисаи дигаре дар шаби 19 августи соли ҷорӣ як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба як муҷтамаъи кишоварзӣ дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ворид шуда, Абдуқаҳҳор Халлоқов, посбон, ҳамсар, писар ва ду набераи ӯро ба зарби гулӯла аз пой даровардаанд.
Арӯси ин хонавода, ки аз ин куштор ҷон ба саломат бурд, муҳоҷимонро атбоъи Қирғизистон хонда ва гуфта буд, ки онҳо ба забони қирғизию русӣ гуфтугӯ мекарданд.
Зимнан, бурузи таниш миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи тозае набуда, мукарраран дар масоили тақсими манобеъи обу қитъаҳои замин мухолифатҳо рух додааст. Дар бархе маворид ин мухолифатҳо ба задухӯрд миёни сокинони ду кишвар анҷом ёфтааст.
Коршиносон далели бурузи ин гуна мухолифатҳоро ба дарозо кашидани таъйини хутути марзӣ ва норӯшан мондани сарнавишти манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон марбут хондаанд.
Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
