Тазоҳуроти эътирозӣ дар Ӯши Қирғизистон

  • 2 Декабр, 2013
Тазоҳургарон
Image caption Тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони марказии шаҳри Ӯш

Беш аз се ҳазор тан аз муътаризон дар майдони марказии шаҳри Ӯши Қирғизистон гирдиҳам омада, хостори озодии Аҳмадбек Келдибеков, узви фроксиюни "Ата-Журт", ҳизби мухолифи давлат ва намояндаи порлумон шудаанд.

Бино ба иттилоъи "24.kg", хабаргузории мустақили Қирғизистон, соъати 13-и вақти маҳалии душанбеи 2 декабр, пулис аз вуруди тазоҳургарон ба дохили сохтмони ҳукумати вилоят ҷилавгирӣ кардааст.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки гурӯҳи 200 нафарии ҷавонон ба ҷониби пулис санг партоб кардаанд. Дар мавриди ашхоси осебдида иттилоъе нарасидааст.

Мелис Мирзакматов, шаҳрдори Ӯш бо муътаризон дидор карда, аммо гуфтааст, ки ваколати аз боздоштгоҳ озод кардани Аҳмадбек Келдибековро надорад.

Тазоҳургарон ҳушдор додаанд, дар сурати то шоми имрӯз озод нашудани оқои Келдибоев "онҳо тадобири дигар хоҳанд андешид." Аммо рӯшан нашудааст, ки ин чи тадобире хоҳад буд.

Ҳамчунин, муътаризон хостори дидор бо Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон ва Соронбой Жонибеков, раиси вилояти Боткенди ин кишвар шудаанд.

Аҳмадбек Келдибеков, узви фроксиюни ҳизби мухолифи давлати "Ата-Журт", рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми фасод ва сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ боздошт шуда буд.

Ба дунболи ин ҳодиса тарафдорони оқои Келдибеков чанд маротиба роҳи утумубилрави масири Ӯш-Иркештамро масдуд карда буданд.

Матолиби муртабит