Эъломи вазъи изтирорӣ дар шимоли Қирғизистон

  • 31 Май, 2013
Тазоҳурот
Image caption Тазоҳургарон хостори хуруҷи ширкати хориҷӣ аз маъдани тилои Кумтор шудаанд

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон зимни як фармон дар ноҳияи Ҷети-Огузи вилояти Иссиқкӯл, воқеъ дар шимоли ин кишвар вазъияти фавқулъодда эълом кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, вазъияти фавқулъодда аз соъати сеи рӯзи 31 май мавриди иҷро даромада, то 10 июни соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Аз соъати нӯҳи шаб то шаши субҳ дар ин минтақа қуюди шабгардӣ муқаррар шудааст.

Субҳи ҷумъаи 31 май, дар рустои Тамгаи ин вилоят миёни тазоҳургарон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва пулис задухурд рух додааст. Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Қирғизистон бар асари ин беназмӣ 15 нафар захмӣ шудаанд.

Рӯзи гузашта ҳудуди 1000 тан аз тазоҳургарон ба нишони эътироз ба ихтиёри ширкати хориҷии “Centerra Gold Inc” гузаштани истихроҷи маъдани тилои Кумтори вилояти Иссиқкӯл роҳҳои иртиботӣ ба ин минтақаро масдуд карда ва хатти интиқоли нерӯи барқ ба маъдани Кумторро тахриб кардаанд.

Нерӯи пулис барои мутафарриқ кардани тазоҳургарон аз гози ашковар истифода карда ва тазоҳургарон ба навбаи худ ба самти пулис санг партоб кардаанд. Дар ин ҳодиса 90 тан аз тазоҳургаронро боздошт кард.

Кумтор аз баландтарин маъдани тило дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва захоири тило дар он 700 тун арзёбӣ мешавад. Аз соли 1997 сад дарсади саҳоми ин маъданро ширкати конодоии "Centerra Gold" дар ихтиёр дорад.

Дар зарфи 16 соли ахир ин ширкат ба буҷети давлати Қирғизистон ба миқдори 1 милёрд дулор молиёт пардохт карда ва милюнҳо дулорро барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоъӣ масраф кардааст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфтааст, ки ба ҳангоми пароканда кардани тазоҳургарон пулис аз силоҳи оташфишон истифода накарда ва дар ҷараёни ин амалиёт касе кушта нашудааст.

Тазоҳургарон, ки пулис теъдоди онҳоро ҳудуди 300 нафар гуфтааст, хостори озод шудани сокинони русто аз боздоштгоҳи пулис шудаанд.

Хабарнигори бахши қирғизии Би-би-сӣ аз маҳали ҳодиса хабар додааст, феълан беш аз 1000 нафар тазоҳургар шоҳроҳи аслӣ ба самти шаҳри Бишкекро масдуд карда, хостори дидор бо раиси ҷумҳурӣ ё нахуствазири кишвар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфтааст, омилони беназмӣ дар вилояти Иссиқкӯли ин кишвар дар чорчӯби қавонин муҷозот хоҳанд шуд.

Оқои Отамбоев, ки рӯзи ҷумъаи 31 май, дар ҳамоише дар шаҳри Бишкек дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз кӯдакон гуфтааст, на танҳо созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозӣ, балки сиёсатмадороне, ки ин тазоҳуротро сармоягузорӣ кардаанд, дар баробари қонун посух хоҳанд гуфт.

Ӯ созмондиҳандагони тазоҳуротро “роҳзан” хонда ва васоити ахбори умум даъват кардааст, хабари тазоҳуротро пас аз таъйид аз манобеъи мӯътамад пахш кунанд.

Бино ба иттилоъи расонаҳои Қирғизистон, Шӯрои амнияти ин кишвар таҳти раёсати Президент Отамбоев ва масъулони ниҳодҳои қудратии ин кишвар ба манзури баррасии вазъияти ноҳияи Ҷети-Огузи вилояти Иссиқкӯл ҷаласаи изтирорӣ баргузор кардаанд.

Матолиби муртабит