Ҷасади ду халабони омрикоӣ дар Қирғизистон пайдо шуд

  • 4 Май, 2013

Давлати Қирғизистон гуфта, ки ҷанозаҳои ду халабони омрикоиро пайдо кардааст. Ҳавопаймои сухтгирии омрикоӣ рӯзи ҷумъа дар хоки ин кишвар дар Осиёи Миёна суқут карда буд.

Вазорати умури изтирории Қирғизистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ ҷанозаҳоро субҳи рӯзи шанбе пайдо карданд. Ҷустуҷӯи ҷанозаи халабони севуми ҳавопаймои суқуткарда идома доштааст.

'Стротутонкер КС-135', ки барои сухтгирии ҳавопаймоҳо дар ҳаво истифода мешуд, дар фарози кӯҳҳо дар фосилаи ҳудуди 160 килуметрии ғарби "Манас" маконе, ки аз он парвозро оғоз кард, аз родорҳо нопадид шуд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳавопайморо аввал дар ҳоли сухтан дидаанд ва сипас ҳавопаймо дар фазо мунфаҷир шудааст. Бозмондаҳои ҳавопаймо дар ҳудуди ноҳияи бузурге паҳн шудааст.

Вазорати кишвари Қирғизистон эълом кардааст, ки барои таҳқиқи ҳодисаи суқути ин ҳавопаймо, ки аз пойгоҳи “Манас” парвоз карда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Сухангӯи ин вазорат ба хабарнигории “РИА Новости” гуфтааст: “Дар мавриди ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парванда ба бахши таҳқиқотии вазорати умури дохила сурупда шудааст.”

Вазорати умури изтирории Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, ки қутиҳои сиёҳи ҳавопаймо низ пайдо нашудаанд. Аммо муттахасисон мегӯянд, ҳатто дарсурати пайдо шудани ин қутти, Қирғизистон наметавонад иттилоъоти онро бихонад, зеро фановарии зарурӣ барои анҷоми ин корро надорад.

Сабабҳои номаълум

Мақомоти омрикоӣ дар пойгоҳи “Манас” ҳеҷ иттилоъе дар бораи сабабҳои суқути ҳавопаймо нашр накардаанд.

Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки ҳавопаймо дар ҳоле аз пойгоҳ парвоз кардааст, ки ҳудуди 70 тун маводди сухт бор доштааст.

Ҳапвопаймо ҳудуди соъати 1500 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии деҳаи Чалдовар суқут кардааст.

Расонаҳои қирғизӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал як халабон дида шудааст, ки тавониста аз ҳавопаймои дар ҳоли сухтан раҳо ёбад. Ин гузориш мавриди тардид қарор гирифтаанд, зеро ин ҳавопаймо ба монанди ҳавопаймоҳои дигар котопулт ё сандалиҳое, ки дар сурати изтирорӣ афродро ба хориҷ партоб мекунанд, надоштааст.

Як мақоми дифоъӣ дар Вошингтун ба Асошиейтед Пресс гуфтааст, ки ин ҳавопаймо дар ҳоли парвоз ба Афғонистон барои иҷрои маъмурияти сухтгирӣ будааст.

Пойгоҳи Манас ҳамчун маркази ҳамоҳангсози амалиётҳои Омрико дар Афғонистон аз соли 2001 бадин сӯ мавриди истифодаи низомиёни Омрико қарор дорад.

Иёлоти Муттаҳида ин пойгоҳро дар ивази 60 милюн дулор дар сол иҷора гирифта ва мехоҳад қарордоди иҷораашро пас аз июни соли 2014 низ тамдид кунад.

Қирғизистон бошад дар мавриди тамдиди ин қарордод истиҳола мекунад, зеро мегӯяд ҳузури ин пойгоҳ ба манияти кишвар таҳдидҳое ба бор овардааст.

Матолиби муртабит