Манас: Қирғизистон барои бастани пойгоҳи ҳавоии Омрико раъй дод

Порлумони Қирғизистон рӯзи панҷшанбе барои поёни иҷораи пойгоҳи низомии Манас аз сӯйи Омрико дар моҳи июли соли 2014 раъй дод.
Наваду як намояндаи порлумони Қирғизситон дар муқобили панҷ нафари дигар ба тарафдорӣ аз ин тасмим раъй додаанд.
Дар имзо шудан аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ Алмосбек Атамбоев, ин санад ба қонун табдил хоҳад шуд.
Омрико ҳар сол барои иҷораи ин пойгоҳ, ки онро ба унвони маркази луҷистикӣ барои Афғонистон истифода мебарад, ба давлати Қирғизистон 60 милюн дулор мепардозад.
Қарор аст бахши зиёде аз беш аз 30 ҳазор низомиёни Омрико ба ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон то соли 2014 ин тавассути Манас ин кишварро тарк кунанд.
Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурӣ Атамбоев мукарраран хостори поён додан ба қарордод бо Омрико барои иҷораи пойгоҳи Манас шуда буд.
Пойгоҳи ҳавоии Омрико аз соли 2001 дар Манаси Қирғизистон мутсақар шудааст.
Дар моҳи феврали соли 2009 Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон гуфта буд, ки пойгоҳи омрикоӣ баста хоҳад шуд, аммо пас аз он ки қимати ин пойгоҳ аз 17 милюн дулор дар сол ба 60 милюн дар сол афзоиш ёфт, раиси ҷумҳури вақт тасмими худро тағйир дод.
Русия низ дар Қирғизистон пойгоҳи ҳавоӣ дорад, ки муҳлати ҳузури он дар соли гузашта барои 15 сол тамдид шуд.
