Омрико чанд ширкати Қирғизистон ва Укройнро ба феҳристи таҳримҳо шомил кардааст

Иёлоти муттаҳида бо афзуда шудани ширкатҳои ҷадид ба феҳристи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон, ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон ва Укройнро низ ба "феҳристи сиёҳ" илова кардааст.
Ширкатҳои “Киргизтрансавия”-и Қирғизистон ва "Букова" ва "Хутути ҳавопаймоии Укройн ва Медитарона"-и Укройн дар кумак ба Эрон барои давр задани таҳримҳо муттаҳам шудаанд.
Дар ин феҳрист таҳримҳои тозае алайҳи санъати петрушимии Эрон, ки вазорати дороии Омрико мегӯяд акнун дувумин манбаъи даромад Эрон аст ва ҳамчунин ширкатҳои хориҷӣ, ки мегӯяд ба нақзи таҳримҳо кумак карданд, вазъ кардааст.
Вазорати дороии Омрико гуфтааст, ки ҳашт ширкати петрушимии Эронро, ки “ё дар моликияти ва ё дар ихтиёри давлат ҳастанд” ба феҳристи таҳримҳои Эрон афзудааст.
Вошингтун ҳамчунин эълом карда алайҳи афрод ва ширкатҳои ҳавопаймоии мухталиф дар Қибрис, Қирғизистон, Укройн ва Аморяти Арабии Муттаҳида ҳам иқдом кардааст, чун ба ниҳодҳое кумак мекунанд, ки ба даст доштан дар барномаи ҳастаии Эрон муттаҳам ҳастанд.
Ин ширкатҳо ҳавопаймоҳои худро бидуни мавонеъ ва ошкор ба Эрон мефурӯшанд, ё дар асоси мувофиқатномаҳои эътибороти қистӣ таҳвил медиҳанд.
Вазорати дороии Омрико ҳамчунин навиштааст, ки бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои мустақили ҳамсуд барои интиқоли бори Эрон ба Сурия истифода мешаванд.
Пештар Вазорати дороии Омрико бо афзуда шудани номи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ ба феҳристи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон, бонки сармоягузории "Кант" дар Тоҷикистон, ширкати муртабит ба оқои Занҷониро ба феҳристи ширкатҳои таҳримшуда шомил карда буд.
Оқои Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯ ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам шудаанд.
Кишварҳои ғарбӣ дар эътироз ба барномаи ҳастаии Эрон алайҳи он кишвар таҳримҳо вазъ кардаанд.
Эрон таъкид мекунад, ки барномаи атумиаш сулҳомез аст, аммо кишварҳои ғарбӣ бадгумон ҳастанд, ки Теҳрон дар ҳоли таҳияи таслиҳоти ҳастаӣ аст.
Омрико мегӯяд, ки ба афзоиши фишор ба Эрон идома хоҳанд дод.
