Омрико бонки 'Кант' дар Тоҷикистонро таҳрим кард

Вазорати дороии Омрико аз афзуда шудани номи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ба феҳристи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи ин кишвар хабар додааст.
Ба феҳристи ширкатҳои таҳримшудаи муртабит бо оқои Занҷонӣ аз ҷумла бонки сармоягузории "Кант" дар Тоҷикистон шомил шудааст.
Ин бонк тавассути ширкати "Ҳолдинг КантГруп Тоҷикистон" барои корҳои тармиму бозсозии Саристгоҳи шаҳри Душанбе 140 милюн сомонӣ масраф карда ва ширкати “Осиё Экспресс” низ, ки порлумони Тоҷикистон барои вуруди утубусу худравҳо ин ширкатро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ муъоф карда, ба ин тоҷири эронӣ муртабит аст.
Бинобар иттилоъияи рӯзи панҷшанбеи ин вазоратхона, Бобак Муртазо Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, Бонки Аввали Сармоягузории Исломии Байналмилалӣ (FIIB) мустақар дар Молезӣ ва шабакае аз ширкатҳои байналмилалӣ ба иттиҳоми давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон ба феҳристи таҳримҳои Омрико изофа шудаанд.
Оқои Занҷонӣ ва муассисаҳои муртабит бо ӯ ба пулшӯӣ барои давр задани таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон муттаҳам шудаанд.
Дейвид Куҳан, муъовини вазорати дороии Омрико дар умури терурисм ва иттилоъоти молӣ, бо эъломи ин хабар Эронро ба тавассул ба тамҳидоти муҷримона ва пулшӯӣ барои ҷобаҷоии нафт ва пули худ муттаҳам кард.
Оқои Куҳан гуфт: "Мо дар расво ва хунсо кардани талошҳои Эрон аз тариқи Бобаки Занҷонӣ ё Димитрий Комбис ё ҳар шарики ҷурми дигаре дар оянда барои фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ ва сӯистифода аз низоми молии ҷаҳонӣ бераҳмона иқдом хоҳем кард."
Як мақоми аршади давлати Омрико низ гуфт: "Занҷонӣ ва шабакаи байналмилалии ширкатҳо ва бонкҳояш масъули ихтифои муъомилоте ба арзиши милиёрдҳо дулор ҳастанд, ки аз ҷониби режими Эрон анҷом додаанд. Ӯ аз ширкатҳое монанди Ой-эс-у дар Молезӣ истифода карда, то милиюнҳо бушка нафти Эронро харидорӣ кунад ва ба бозор арза кунад. Ӯ ҳамчунин аз ҷониби Эрон бо иттако ба ниҳодҳои молии худ милёрдҳо дулор мубодилаи арзӣ анҷом додааст."
Бобаки Занҷонӣ, ки ба гуфтаи худаш молики бештар аз 60 ширкат дар кишварҳои мухталиф аст, чаҳор моҳ пеш аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо низ таҳрим шуда буд.
Дигар ширкатҳои таҳримшудаи муртабит бо оқои Занҷонӣ иборатанд аз "Кант касметик" дар Туркия, бонки сармоягузории "Кант" дар Тоҷикистон, муассисаи молии Эс-си-тӣ дар Дубай ва ширкати нафтии Ой-эс-у дар Молезӣ.
Ширкати Ой-эс-у ба ироаи хадамоти фаннӣ ва молӣ ба ширктаи миллии нафти Эрон муттаҳам шудааст
Ширкати нафтиии Неку, муртабит бо ширкати миллии нафти Эрон низ дар феҳристи ширкатҳои таҳримшуда ба василаи вазорати дороии Омрико қарор дорад.
Ин ширкат пештар низ ба василаи давлати Омрико таҳрим шуда буд.
