Тоун ҷони як навҷавони қирғизро рабуд

  • 26 Август, 2013

Пизишкони Қирғизистон фавти як навҷавони 15-сола бар асари марази тоунро таъйид кардаанд.

Гуфта мешавад, мумкин аст истеъмоли кабоб аз гӯшти суғур дар минтақаи Сари Ҷаз, дар шимоли Қирғизистон мунҷар ба марги ӯ шудааст.

Ин навҷавон дар авохири ҳафтаи гузашта бо таби баланд дар бемористон бистарӣ шуда, аммо пизишкон натавонистаанд ин бемориро ташхис кунанд.

Ӯ 22 августи соли ҷорӣ фавт карда ва танҳо дар пайи колбадшикофӣ иллати маргаш рӯшан шудааст.

Феълан дар бемористони минтақаи шимоли Қирғизистон 90 нафар, ки бо навҷавони фавтида робита доштанд, мавриди ташхис қарор гирифтаанд.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар минтақаи Сари Ҷаз тадобири фаврии зидди эпидемиро рӯйи даст гирифтааст.