Таъйини раиси ҷадиди вилояти Иссиқкӯл ба дунболи нооромиҳо

  • 1 Июн, 2013
Қирғизистон

Ба дунболи ҷаҳор рӯзи тазоҳурот дар ноҳияи Ҷети-Огузи Қирғизистон, ки рӯзи ҷумъаи 31-уми май бо эъломи вазъи изтирорӣ дар ин минтақа анҷомид, раиси вилояти Иссиқкӯл аз кор барканор шуд.

Имрӯз якуми июн Жанторо Сатиболдиев, нахуствазири Қирғизистон дар ҷараёни сафараш ба ин вилоят Токон Мамитовро ба унвони раиси ҷадиди вилояти Иссиқкӯл муъаррифӣ кард.

Вай ҳамчунин дар ҷараёни мулоқоташ бо сокинони деҳаи Сару гуфтааст, ки ширкати “Centerra Gold Inc”, соҳиби маъдани Кумтори Қирғизистон, бунёди роҳи утумубилгарди Баликчи – Караколро сармоягузорӣ хоҳад кард.

Оқои Сатиболдиев гуфтааст, ки ин ширкат шаш милюн дулор барои оғози ин тарҳ тахсис додааст. Ғайр аз ин ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон ин ширкат қасд дорад, ҳамаи роҳҳои утумубилгард дар ноҳияро таъмир кунад.

Тазоҳургарон дар ноҳияи Ҷети-Огузи вилояти Иссиқкӯл, воқеъ дар шимоли ин кишвар аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ то рӯзи ҷумъа алайҳи ин ширкати хориҷии конодоӣ гирдиҳамоӣ карданд.

Онҳо эътироз карданд, ки ин ширкати хориҷӣ маъдани тилои Кумтори вилояти Иссиқкӯлро дар ихтиёр дошта, вале сокинони маҳаллӣ дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд.

Ширкати конодоӣ дар посух ба тазоҳургарон гуфтааст, ки ҳарчанд бузургтарин пардохткунандаи молиёт буда ва тарҳҳои бисёреро дар инҷо сармоягузорӣ мекунад, аммо наметавонад ҳамаи мушкилоти Қирғизистонро ҳалл кунад.

Тазоҳургарон роҳҳои иртиботӣ ба минтақаро масдуд карда ва хатти интиқоли нерӯи барқ ба маъдани Кумторро тахриб карда буданд. Баъзе аз тазоҳургарон дар Иссиқкӯл дар бораи миллӣ кардани ин маъдан шиъор партофтанд.

Нерӯи пулис барои мутафарриқ кардани тазоҳургарон аз гози ашковар истифода карда ва тазоҳургарон ба навбаи худ ба самти пулис санг партоб кардаанд. Дар ин ҳодиса 90 тан аз тазоҳургаронро боздошт шудааст.

Ин задухурди пулис ва тазоҳургарон, ки ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар рӯзи ҷумъа ҳудуди 1000 нафар будаанд, бо эъломи вазъи изтирорӣ дар минтақа ва қуюди шабгардӣ мунҷар шуд.

Имрӯз манобеъи вилоят хабар додаанд, ки шаби гузашта бидуни иттифоқе сипарӣ шуда ва интиқоли барқ ба маъдани Кумтор аз сар гирифта шудааст.

Пардохти молиёти ҳангуфт

Кумтор аз баландтарин маъдани тило дар ҷаҳон маҳсуб шуда ва захоири тило дар он 700 тун арзёбӣ мешавад. Аз соли 1997 сад дарсади саҳоми ин маъданро ширкати конодоии "Centerra Gold" дар ихтиёр дорад.

Масъулони маъдани Кумтор мегӯянд, ки дар зарфи 16 соли ахир ширкати онҳо ба будҷети давлати Қирғизистон ба миқдори 1 милёрд дулор молиёт пардохта ва милюнҳо дулорро барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоъӣ масраф кардааст.

Ин маъдан барои иқтисоди яке аз кишварҳои фақиртарини минтақа аҳамаияти қобили мулоҳиза дошта ва 12 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ ва тақрибан ниме аз содироти Қирғизистон дар соли 2011-ро ташкил додааст.

Аммо кумиссюни давлатӣ, ки барои ташхиси молиёти ин маъдан дар соли 2009 таъсиси шуда буд мегӯяд, ки ин ширкат молияёти кам мепардозад.

Коршиносон мегӯянд, иттифоқи ахир яке аз силсилаи мавориди мушобеҳи фишор ба ширкати "Centerra Gold" будааст ва давлати кишвар нигарон аст, ки ин вазъ сармоягузоронро аз ин кишвар дилсард мекунад.