Раҳбари Қирғизистон: 'Мо дигар бародари кучак нестем'

Ба эътиқоди Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, намуна шудани ӯ дар тарафдорӣ аз исломи суннатӣ - рафтан ба масҷид ва ширкаташ дар намози ҷамоъат аз ифротишавии ҷомеъа нигоҳ дошта ва ба намояндагони созмонҳои ифротӣ дар роҳи ҷалби тарафдорон дар миёни ҷавонон дар кишвар халал ворид мекунад.
Оқои Отамбоев дар мусоҳибааш бо бахши қирғизии Би-би-сӣ дар мавриди равобити Қирғизистон бо ҳамсояҳо ва Русия ва мушкилоти мубрами сиёсию иқтисодии кишвараш ибрози назар кардааст.
Алмосбек Отамбоев дар соли 2011, замоне умури раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда гирифт, ки ба хотири даргириҳои қавмие, ки садҳо нафар кушта дод, дар таърихи кишвар аз мушкилтарин мароҳили сиёсӣ пас аз касби истиқлолият маҳсуб мешавад. Дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар даҳ соли ахир (дар солҳои 2005 ва 2010) дар Қирғизистон ду маротиб ҳукумат иваз шуд.
Ба эътиқоди нозирон, ҳарчанд ба хотири ислоҳоти сиёсиаш Қирғизистон аз кишварҳои ҳамсоя ҷиддан тафовут дорад, аммо вуҷуди фасод, сиёсати хонаводаӣ ё қабилаӣ ва иртибот миёни манофеъи сиёсӣ ва ҷинойӣ, аз зарфиятҳои ин кишвар мекоҳад.
Дар зер фишурдае аз мусоҳиба бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки қарор аст шаби сешанбеи 19 ноябр аз тариқи шабакаи телевизиюни Қирғизистон низ пахш шавад.
Ба “бародари бузург” ниёз надорем
Метавонед дар муддати раёсати ҷумҳурии худ мушкилоти марзӣ бо Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҳалл кунед?
Мушкилоти марзӣ ҳалли сареъ надорад. Ошкор мегӯям, ин мушкили хеле ҷиддист. Дар солҳои аввали истиқлолият фурсати мувофиқе барои тавофуқ дар ин масъала вуҷуд дошт. Мутаассифона, ҳоло ҳалли мушкилоти марзӣ дар муддати кӯтоҳ имконпазир нест. Ба андешаи ман, то поёни муддати раёсати ҷумҳурӣ ман муваффақ хоҳам шуд, то кишварҳои ҳамсоя ба Қирғизистон мутакаббирона рафтор накунанд. Мо масоили мавҷударо дар сатҳи баробар ҳалл хоҳем кард.
Масалан, метавонед Ӯзбакистонро дар масоили марзӣ ва бунёди нерӯгоҳи Қамбарота мутақойид кунед?
Ҳатто аз матраҳ кардани чунин суол вазъи нобаробари мо бо Ӯзбакистон эҳсос мешавад. Чаро Қирғизистон бояд Ӯзбакистонро дар маврди ин мушкилот мутақойид кунад? Дар 20 соли ахир ин зеҳният дар дар миёни ҳамватанони мо ва ҳам дар зеҳнияти кишварҳои ҳамсоя устувор шудааст. Бояд ин зеҳният ислоҳ шавад. Вазифаи мутақойид сохтан ҳам дар заминяи масоили марзӣ ва ҳам масоили дигар бояд ҳар ду кишвар ба ӯҳда дошта бошанд. Мо дигар намехоҳем, чи тавре дар Русия мегӯянд,“бародари кучак” бошем. Дар ҳамаи масоил ҳамчун шарики баробар сӯҳбат хоҳем кард.
'Вазъ тағйир хоҳад кард '
Дар ҳар сурат ҳалли мушкилоти марзӣ барои Ӯзбакистон низ муҳим аст. Ба андешаи Шумо, ин кишвар ба ҳалли сареъи ин мушкил алоқаманд аст?
Мутаассифона, дар муддати 20 соли истиқлолият фурсатро аз даст додем. Аз як тараф мо низ гунаҳкорем, ки бо мо бо лаҳни баробар ҳарф намезананд. Аммо Худо хоҳад, ин мушкилро пушти сар мекунем. Иқтисоди мо тағйир хоҳад кард. Дар зарфи се соли ахир рушди иқтисод ба мушоҳида мерасад, ҳарчанд баъзеҳо онро эҳсос накардаанд. Артиш ва нерӯҳои марзбони мо низ тағйир хоҳад кард. Ва ба ин хотир Қирғизистон хоҳад тавонист бо ҳар кишваре дар сатҳи баробар гуфтугӯ кунад.
Ширкати “Киргизгаз” ба миқдори даҳҳо милюн дулор бидеҳкор аст. Аммо муҳим он аст, ки “Газпром”-и Русия соҳиби ин ширкат шуда ва мушкили камбуди гоз ҳалл мешавад.
Шумо низ мисли Русия қонун дар бораи “маъмурони хориҷӣ”-ро имзо хоҳед кард, ки пас аз он ҳамаи созмонҳои ғайридавлатие, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд маҷбур хоҳанд шуд. ки ба унвони “маъмури хориҷӣ” сабти ном шаванд?
Ширкати “Киргизгаз” ба миқдори даҳҳо милюн дулор бидеҳкор аст. Аммо муҳим он аст, ки “Газпром”-и Русия соҳиби ин ширкат шуда ва мушкили камбуди гоз ҳалл мешавад.
Ин вожа нахуст дар Омрико пайдо шуд. Дар соли 1937 дар Омрико қонун дар бораи “маъмурони хориҷӣ” тасвиб гардид. Яъне, фаъъолияти созмонҳое, ки аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мешаванд дар Омрико ҳамчун “маъмурони хориҷӣ” арзёбӣ мешаванд. Русия танҳо аз ин таҷруба истифода кард. Ин идеи Омрико буда ва аз Ғарб ворид шудааст. Ҳоло ман намехоҳам бигӯям, ки ин нусхабардорӣ аз Омрико аст ё Русия. Нахуст бояд пешнависи ин қонун дар порлумон матраҳ шавад, сипас хоҳем, дид ки чӣ мешавад. Бори дигар таъкид мекунам, ин қонун нахуст дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, гаҳвораи демукросӣ тасвиб шуда буд.
Боло рафтани қимати нерӯи барқ метавонад ба эътирозҳо мунҷар шавад. Ҳарчанд бахше аз сокинони Қирғизистон зарурати ин иқдомро дарк мекунанд, оё Қирғизистон имкони таъмини ҳар хонавода бо нерӯи барқи кофиро дорад? Фурӯши “Киргизгаз” ба Русия чи хатареро дар пай дорад? Ин амр ба афзоиши баҳои гоз мунҷар нахоҳад шуд? Зеро агар русҳо бидеҳиҳои ширкати “Киргизгаз”-ро бар ӯҳда бигиранд, онҳо ин бидеҳиҳоро танҳо аз ҳисоби масрафкунандагони қирғиз пардохт хоҳанд кард.
Нахуст ин ки масъалаи боло бурдани қиматҳо матраҳ нест. Аммо ин мавзӯъ бояд матраҳ шавад, зеро қиматҳо аз соли 2008 таъйин шуда ва то ин замон бо таваҷҷӯҳ ба таваррум таҷдиди назар нашудааст. Ба андешаи ман, дар қадами аввал бояд мушкили дуздӣ ё сирқат дар бахши энержӣ бояд ҳалл шавад ва сипас мавзӯъи қиматҳо баррасӣ гардад.
Дигар ин ки, ман ҳанӯз то замоне, ки раиси ҷумҳур шудам, ҳангоме дар мақоми нахуствазир будам ба масъалаи амнияти энержӣ таваҷҷӯҳ карда будам. Аз ин лиҳоз, дар ҷануби кишвар ба бунёди нерӯгоҳи “Датка” шурӯъ кардем ва ба истифода додем. Агар қаблан манотиқи ҷануби Қирғизистон бо нерӯи барқи Ӯзбакистону Тоҷикистон таъмин мешуд, ҳоло ба нерӯи барқи кишварҳои ҳамсоя ниёзе нест. Ҳамзамон, ба иҷрои тарҳи бунёди хатти баландшиддати “Датка-Кемин” шурӯъ кардем, ки соли 2015 анҷом хоҳад шуд ва мушкили интиқоли нерӯи барқ ҳалл хоҳад шуд.
Акнун дар масъалаи “Киргизгаз”. Бархе сиёсатмадорон ин мавзъро ба бозии сиёсӣ табдил дода ва мегӯянд, ки мо ин ширкатро ба арзиши 1 дулор ба фурӯш медиҳем. Бидеҳиҳои “Киргизгаз” даҳҳо милюн дулор аст. Муҳим ин аст, ки пас аз ба ихтиёри “Газпром” гузаштани ин ширкат, мушкили камбуди гоз ҳалл хоҳад шуд.
Дар интиқоли гоз халале ворид нахоҳад шуд. Ёдовар мешавам, дар соли гузашта ба ҳангоми ба муддати 10 рӯз қатъ шудани интиқоли гоз ба Қирғизистон шаҳри Бишкек аз нерӯи барқ маҳрум шуд. Бояд масъаларо дар кулл баррасӣ кард ва дид. Такрор мекунам, Қирғизистон дар муддати ду соли оянда аз ин вазъ раҳо хоҳад шуд.
Намоз дар ҳузури омм
Ҷаноби раиси ҷумҳурӣ, Шумо дар миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо нафаре ҳастед, ки дар ҳузури омм намоз мегузоред. Дар ҳоле ки созмонҳои мухталифи ифротгаро барои ҷалби ҷавонон ба суфуфи худ талош мекунанд, ин кори Шумо ба зеҳнҳои ҷавонон чи таъсире хоҳад гузошт?
Ба хотири дарки Қуръон бояд Инҷил ва Тавротро мутолиъа кард. Зеро адёни насронию яҳудӣ қабл аз ислом зуҳур кардаанд. Аз ин лиҳоз, дар Қуръон нақли қавлҳо аз Инҷил ва Таврот ба чашм мехуранд. Барои мусалмони воқеъӣ будан бояд ҳамаи кутуби мазҳабиро қироъат кард.
Ба андешаи ман, ин иқдом барои ҷавонон намунаи хубе хоҳад буд. Агар раҳбари давлат фарди худотарс буда, шарофатмандона кор кунад, он вақт одамон ба ӯ пайравӣ мекунанд. Масалан, дар Миср ва Сурия миёни ифротгароён ва мардумони он кишвар мубориза идома дорад. Ҳатто дар кишварҳои ҳамсояи мо низ ифротгароён фаъъол шудаанд. Дар кишвари мо ҳам чунин ҳодиса рух дода буд. Алайҳи ифротгаройӣ танҳо тавассути мамнӯъсозӣ мубориза бурдан душвор аст. Масалан, дар Туркия нахуствазир дар намози ҷумъа ширкат мекунад. Дар натиҷа, дар Туркия гурӯҳҳои ифротгаройи мазҳабӣ нестанд. Дар мавриди Қирғизистон раҳбарони ғайримазҳабӣ ё дунявии пешин ба кишвар хидмати хубе накарданд. Ифротгароён дар 20 соли ахир зуҳур карданд. Агар раиси ҷумҳурӣ дар сафи аввали намозгузорон бошад, ӯ намуна хоҳад буд, ки ба кадом ҷараён бояд пайравӣ кард.
Зимнан, ба хотири дарки Қуръон бояд Инҷил ва Тавротро мутолиъа кард. Зеро адёни насронию яҳудӣ қабл аз ислом зуҳур кардаанд. Аз ин лиҳоз, дар Қуръон нақли қавлҳо аз Инҷил ва Таврот ба чашм мехуранд. Барои мусалмони воқеъӣ будан бояд ҳамаи кутуби мазҳабиро қироъат кард. Худи ман ин кутубро чор-панҷ маротиба хондам. Ба бовари ман, Ислом ин мазҳаби сулҳ ва тавозун аст.
Масалан, муносибати тундравон ба занҳо чи гуна аст. Онҳо таҳсилро барои занҳо мамнӯъ карда ва ҳатто духтареро, ки мехост ба мактаб равад, қасди куштан кардаанд. Аммо дар ислом, дар Қуръон дар ин замина чи омадааст? Дар ин китоби муқаддас омадааст, дар хонаводае, ки ду духтар тарбият мешавад, падару модар ба биҳишт мераванд. Вақте аз ҳазрати Муҳаммад, паёмари ислом пурсиданд: “Биҳишт дар куҷост?”, посух дод: “Биҳишт зери пойи модарон аст.” Ин аст муносибати воқеъии ислом ба модар, зан ва духтар.
