Марзбонони тоҷику қирғиз вазъ дар марзи муштаракро ором карданд

  • 11 Июн, 2013

Як масъули марзбонӣ гуфт, ки марзбонони тоҷику қирғиз тавонистаанд муноқишаи баъд аз зуҳри дирӯз дар наздикии марз дар ин ноҳияро ором кунанд.

Алишер Ҳанифов, раиси бахши марзбонон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд гуфт, ки баъд аз зуҳри дирӯз дар ду сӯйи марз дар минтақаи марзии ноҳияи Исфара теъдоде аз сокинони ду сӯйи марз таҷаммуъ карда ва вориди баҳс дар мавриди истифода аз заминҳои воқеъ дар марзи муштарак шуданд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо дар Қирғизистон навиштаанд, ки дар пайи бурӯзи низоъ миёни сокинони тоҷику қирғиз дар рустои марзии Самарқандиёни устони Ботканд ва Исфара, ҳаракати мошинҳо дар роҳ аз Ботканд ба виляоти Суғд масдуд будааст. Аммо пулиси вилояти Суғд ин иттилоъро такзиб кард.

Алишер Ҳанифов, рӯзи сешанбеи 11-уми июн ба Би-би-сӣ вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ноҳияи Исфараро чунин шарҳ дод: “Дирӯз мубоҳисот миёни ҳудуди 100 нафар аз сокинон аз ноҳияи Исфара ва тақрибан 120 нафар аз сокинони қирғиз дар наздикии марз сар зад ва мо ҳамроҳ бо марзбонони қирғиз бо мардум суҳбат карда ва мардум дар ҳар ду сӯйи марз дар тӯли ду соъат пароканда шуданд. Ҳоло вазъи марз комилан ором аст.”

Оқои Ҳанифов афзуд, ки марзбонон ба сокинон дар мавриди таъсиси як кумисиюни вижаи муштарак барои таъйини хатти марз дар ин қисмати марзро иттилоъ доданд ва мардум гуфтаанд, ки алоқаманданд ҳарчи зудтар хатти марзӣ мушаххас карда шавад.

Дар соли ҷорӣ ин нахустин бор нест, ки расонаҳо дар ду кишвар аз нооромиҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Исфара хабар пахш мекунанд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ хабарҳо аз таниши марзии сокинони ду сӯйи марз дар ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара пахш шуданд ва ин нооромиҳо низ бо кӯшиши кормандони пулис ва марзбонони ду ҷониби марз ҳал шуда буд.

Марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ин ноҳия ҳанӯз мушаххас нашуда ва дар тӯли 20 сол дар ин минтақаи марзӣ даҳҳо таниш миёни сокинони ду сӯйи марз бар сар истифода аз об, ҷоддаҳо ва замин иттифоқ уфтодааст.