Музокироти марзӣ бо Қирғизистон ба сатҳи нахуствазирон бардошта шуд

  • 21 Август, 2013
Сотиболдиев
Image caption Оқои Сотиболдиев гуфт, масоили амнияти манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар меҳвари гуфтугӯи ӯ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе қарор гирифт.

Мушкилоти мавҷуд дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар меҳвари гуфтугӯи нахуствазири Қирғизистон бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе қарор гирифт.

Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, ки рӯзи чоршанбеи 21 август, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар канори масоили иқтисодӣ таваҷҷӯҳи ҷонибҳо дар ин мулоқот ба мушкили амнияти манотиқи марзии миёни ин ду кишвар мутамаркиз шуд.

Оқои Сотиболдиев ин мавзӯъро "печида" арзёбӣ карда ва гуфт, ба ин далел тасмим шудааст акнун сатҳи баррасии ин мавзӯъ, ки то ҳоло дар сатҳи муъовинони нахуствазирони ду кишвар матраҳ буд, ба сатҳи нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон бардошта шавад.

Ӯ аз шарҳи ҷузъиёти "мушкилоти амниятӣ" дар манотиқи марзии ду кишвар ва аз ибрози назар дар бораи қазияи ахир дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дар он аъзои як хонаводаи тоҷик кушта шудаанд, худдорӣ кард.

Ду рӯз қабл дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар вилояти Суғди Тоҷикистон 5 узви як хонавода аз сӯйи афроди мусаллаҳи ношинос кушта шуда ва сокинонони ин русто атбоъи қирғизро омилони ин ҳодиса хондаанд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ низ миёни сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва рустои Оқсойи вилояти Боткент дар робита ба бунёди роҳ аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳснок задухурде ба миён омада буд, ки 4 пулиси тоҷик дар асари ин ҳодиса захмӣ шуданд.

Иллати бурузи ихтилофот ва моҷароҳои пайваста миёни сокинони ноҳияи Исфари Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон вуҷуди арозии баҳсбарангез ва мушаххас набудани хутути марз миёни ин ду кишвар аст.

Бо вуҷуди музокироти зиёд миёни ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини хутути марзӣ, ҷонибҳо то ҳоло натавонистаанд бар сари манотиқи мавриди ихтилофи назар дар марзи муштараки ин ду кишвар ба тавофуқ бирасанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ то ҳоло танҳо 59 дарсади марзи 970 килуметрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шуда ва музокироти ҳайъатҳо дар ин замина ба кундӣ пеш меравад.

Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон гуфт музокироти ҳайаъатҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷараёни дидори расмии Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон дар соли оянда идома хоҳад ёфт ва ибрози умедворӣ кард, ки ҷонибҳо дар ҷараёни он дар мавриди масоили мавриди баҳс ба тавофуқ бирасанд.

Матолиби муртабит