Ҷумъабой Сангинов: Аз муттаҳам кардани бармаҳал худдорӣ кунем

  • 20 Август, 2013
Оқилов-Сотиболдиев
Image caption Нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзӣ, аз ҷумла, манотиқи баҳснок дар марзҳои ин ду кишварро баррасӣ кардаанд

Мақомоти ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтаанд, то замони баррасии комили қазияи куштори панҷ узви як хонавода дар рустои Чоркӯҳи ин вилоят "аз натиҷагирии бармаҳалл худдорӣ шавад."

Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд, ки баъд аз зӯҳри сешанбеи 20 август, дар ҳошияи ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин ҳодиса дар наздикии хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтода ва бояд "ба сурати ҷиддӣ таҳқиқ шавад".

Қабл аз ин гузориш шуд, ки шаби гузашта як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба як воҳиди кишоварзӣ дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ворид шуда, Абдуқаҳҳор Халлоқов, посбони ин воҳиди кишоварзӣ, хонумаш, писараш ва ду набераи ӯро ба зарби гулӯла аз пой даровардаанд.

Арӯси ин хонавода, ки аз ин куштор ҷон ба саломат бурдааст, муҳоҷимонро атбоъи Қирғизистон хонда ва гуфтааст, ки онҳо ба забони қирғизию русӣ гуфтугӯ мекарданд.

Мелис Эржигитов, сухангӯйи ҳукумати Қирғизистон таъид кард, ки марзбонони қирғиз низ аз ҳодисаи қатли аъзои як хонаводаи тоҷик дар манотиқи марзии ҳудуди Тоҷикистон гузориш кардаанд.

Оқои Эржигитов гуфт, субҳи имрӯз дар ҷарёни дидори Урухон Мамудов, муъовини нахуствазири Қирғизистон бо ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни баррасии масоили ҳамкориҳои марзӣ, аз ҷумла, арозии мавриди баҳси миёни ин ду кишвар ин ҳодисаи рустои Чоркӯҳ низ матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ ин мавзӯъ дар дидори Оқил Оқилов ва Жанторо Сотиболдиев, нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳайъатҳои давлатҳои ду кишвар ба ҳангоми баррасии масоили марзӣ баррасӣ шуд.

Оқои Эржигитов гуфт, ки ҷонибҳо таъкид карданд, ки ин ҳодиса бояд ба таври ҷиддӣ ва мунсифона таҳқиқ шуда ва омилони он муҷозот шаванд.

Дар ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, обу энержӣ, нақлиёт, таъйини хутути марзӣ ва арозии баҳсноки миёни ин ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба эътиқоди коршиносон, ба дарозо кашидани таъйини хутути марзӣ ва норӯшан мондани сарнавишти манотиқи баҳсноки миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба бурузи ихтилофот ва гоҳе задухӯрд миёни сокинони ноҳияи Исфари Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон мунҷар шудааст.

Аз ҷумла, дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва рустои Оқсойи вилояти Боткент бар сари мавзӯъи бунёди роҳ аз ҷониби қирғизҳо дар минтақаи баҳснок баҳс карда ва дар асари он 4 пулиси тоҷик захмӣ шуданд.

Бархе аз расонаҳо гузориш карда буданд, ки пас аз лату кӯб шудани роҳсозони қирғиз аз ҷониби сокинони Ворухи Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор қирғиз ва 4 ҳазор тоҷик дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар алайҳи якдигар сангар гирифтанд.

Вазъ дар ин минтақа танҳо дар пайи музокироти ҳайъатҳои вилоёти Суғду Боткент ва мутаваққиф шудани бунёди роҳ дар ин минтақа ором гирифт.

Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсади ин марзи муштарак аломатгузорӣ шудааст.

Матолиби муртабит