Муътаризон шоҳроҳи Бишкек-Ӯш дар Қирғизистонро масдуд карданд

Расонаҳои Қирғизистон аз масдуд шудани ҳаркати васоили нақлия дар шоҳроҳи Бишкек-Ӯш, яке аз ҷодаҳои умда дар Қирғизистон аз сӯйи муътаризон хабар додаанд.
Тавре, ки хабаргузории “АКИpress”, рӯзи душанбеи 3 июн навиштааст, беш аз ду ҳазор худравҳо ва комюнҳои борбар дар қисмати ин роҳ дар наздикии рустои Барпии ноҳияи Ҷети-Огузи вилояти Иссиқкӯл гир мондаанд.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, субҳи имрӯз ҳудуди 300 нафар аз тазоҳуркунандагон дар ин қисмати роҳ таҷаммӯъ карда ва аз ҳаракати васоили нақилия аз ду тараф мавонеъ эҷод кардаанд.
Шоми дирӯз афроди эътирозгар дар миёни роҳи Бишкек-Ӯш юрта (хаймаи гирди қирғизҳо)-ро гузошта ва ҳаракати васоил нақлияро масдуд карданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи ин хабаргузорӣ, субҳи имрӯз дар ҷаласаи мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷалолобод масъалаи боз кардани ҳаракат дар ин роҳ матраҳ шудааст.
Ҷусумбалӣ Торомаматов, муъовини раиси ин ноҳия ба хабаргузории “АКИpress” гуфтааст,ки бо тазоҳуркунандагон музокирот карда ва аз онҳо дархости “эҳтиром ва итоъат ба қонунро хоҳанд кард.”
Ин дар ҳолест, ки ба дунболи ҷаҳор рӯзи тазоҳурот дар ноҳияи Ҷети-Огузи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ин минтақа вазъи изтирорӣ эълом шуда буд ва раиси вилояти Иссиқкӯл, воқеъ дар шимоли Қирғизистон аз симаташ барканор шуд.
Илали аслии даст ба тазоҳурот задани ҳудуди 1000 тан аз сокинони ноҳияи Ҷети-Огуз ба ихтиёри ширкати конодои “Centerra Gold Inc” вогузаштани истихроҷи маъдани тилои Кумтори вилояти Иссиқкӯл буд.
Муътаризон бар ин назарнд, ки ин ширкати хориҷӣ маъдани тилои Кумтори вилояти Иссиқкӯлро дар ихтиёр дошта, вале сокинони маҳаллӣ дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд.
Аммо масъулони ин ширкат мегӯянд, ки яке аз бузургтарин пардохткунандаҳои молиёт дар Қирғизистон ҳастанд, аммо наметавонад ҳамаи мушкилоти Қирғизистонро ҳалл кунанд.
Ин тазоҳурот ҳудуди як ҳафта идома дошта ва коршиносон мегӯянд, ки масдуд шудани роҳи Бишкек-Ӯш метавонад ба вазъи иқтисодӣ дар ҷануби Қирғизистон латмаи ҷиддӣ ворид кунад.
Зеро ин ҷода, яке аз роҳҳои аслии дар он кишвар аст, ки аз минтақаи кӯҳистонии Қирғизистон убур карда ва колои аслӣ барои минтақаи ҷануби Қирғизистон аз ин роҳ интиқол меёбад.
Ҳамчунин, аз тариқи ин роҳ комюнҳои борбари Тоҷикистон низ бархе аз колои зарурӣ барои сокинони вилояти Бадахшони ин кишварро интиқол медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, пулиси қирғиз низ ваъда додаст, ки то охири имрӯз ҳаракати васоили нақлияи дар роҳи Бишкек-Ӯш аз сар гирифта хоҳад шуд.
