Марз: Фарзияи ба ҳам иртибот доштани ду ҳодисаи қатли хонаводагӣ таҳқиқ мешавад

  • 11 Сентябр, 2013
Ноҳияи Исфара
Image caption Бозрасон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтимоли ба ҳам иртибот доштани ду ҳодисаи қатл дар минтақаи марзиро таҳқиқ мекунанд.

Аз Қирғизистон гузориш расида, ки кормандони интизомии ин кишвар тавонистаанд, як фарди мазнун дар иртикоби қатли чаҳор нафар дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистонро боздошт кунанд.

Ҳодисаи қатли чаҳор узви як хонаводаи қирғиз дар як рустои вилояти Ботканди Қирғизистон, 6-уми сентябр, ҳудуди як моҳ пас аз ҳодисаи мушобеҳ бо аъзои хонаводаи тоҷик дар ин сӯйи марз рух дод.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ки кормандони интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои расидагӣ ба қатли аъзои ҳарду хонавода дар манотиқи марзии ин ду кишвар ҳамкорӣ мекунанд.

Бозрасон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтимоли ба ҳам иртибот доштани ин ду қатлро низ таҳқиқ мекунанд. Ҳарчанд аз қатли чаҳор узви як хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Исфара ҳудуди як моҳ мегузарад, аммо ҳеҷ кас ба занни даст доштан дар ин ҷурм то ҳоло боздошт нашудааст.

Бо ин ҳол, Адбусамеъ Додобоев, сухангӯйи Додситонии кулии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 11 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки бозрасони Тоҷикистону Қирғизистон барои боздошти сареъи қотилон бо ҳамдигар ҳамкориҳои "созанда" доранд.

Оқои Додобоев афзуд: “Муъовини бахши додиситонӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон чанд маротиба бо кормандони масъули интизомии Қирғизистон дар вилояти Ботканд мулоқот анҷом дод ва кормандони қирғиз масъулони моро бо равандаи таҳқиқот дар кишварашон ошно сохтанд.”

Вай мегӯяд, ки кормандони интизомии қирғиз як нафарро боздошт карда ва ҳоло таҳқиқот барои мушаххас кардани равобити вай бо қатли хонавода дар Қирғизистон идома доштааст.

Масъулони додситонӣ аз ироаи иттилоъоти бештар дар мавриди таҳқиқоти ин ҳаводис бо сабаби халалдор накардани ҷараёни таҳқиқот худдорӣ кардаанд. Аммо сухангӯйи додситонӣ гуфт, як гурӯҳи бозрасони собиқадор, аз ҷумлаи кормандони пулис ва кумитаи амниятӣ дар вилояти Суғд машғули таҳқиқи қатли аъзои як хонавода дар ноҳияи Исфара будааст.

Ба навиштаи хабаргузории “24rg”-и Қирғизистон, ахиран кормандони пулиси қирғиз яке аз ду мазнун дар қатли вилояти Боткандро дар ин вилоят боздошт кардаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, тибқи иттилоъи пулиси қирғиз аз ин фарди музнун аслиҳае, ки бо он аъзои хонаводаи Эралиевҳо ба қатл расидаанд, кашф ва мусодира шудааст.

Кормандони пулиси қирғиз ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ин фарди мазнун даст доштани худ дар содир кардани ин ҷурмро эътироф кардааст. Ҳодисаи қатли чаҳор нафар аз аъзои хонаводаи Тоҷибой Эралиев, сокини рустои Қарабулоқи вилояти Ботканд, рӯзи 6 сентябри соли равон рух дод ва дар ин ҳодиса, хонум, писар, арӯс ва як кӯдаки ин хоавода ба қатл расида буданд.

Ба гуфтаи кормандони пулис фарди боздошшуда, яке аз пайвандони ин хонавода буда ва ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф кардааст, ки баъд аз даъво бо аъзои ин хонавода вай тасмими гирифтани қасд аз ин хонаводаро карда ва онҳоро ба қатл расонидааст. Дар ин ҳодиса оқои Эралиев шадидан захмӣ шуда ва дар бемористоне таҳти муроқибати пизишкон қарор доштааст.

Кормандони пулиси қирғиз ҳануз иттилоъеро дар мавриди бастагии ин қатл ба ҷурми ҳамгун дар қаламрави Тоҷикистон пахш накардаанд. Аммо ҳуқуқдонҳо баъид намедонанд, ки ҳодисаи рух додани ду қатли фаҷеъ дар навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамдигар рабт дошта бошад.

19-уми августи соли як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба як воҳиди кишоварзӣ дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ворид шуда ва Абдуқаҳҳор Халоқов, посбони ин воҳиди кишоварзӣ, хонумаш, писараш ва ду набераи ӯро ба зарби гулӯла ба қатл мерасонад. Арӯси ин хонавода, ки аз ин куштор ҷон ба саломат бурда буд, муҳоҷимонро “атбоъи Қирғизистон” хонда, зеро гуфтааст, ки онҳо ба забони қирғизию русӣ сӯҳбат мекарданд.

Ба ҳамдигар дар уфтодани сокинони марзии ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин минтақаи баҳсии марзӣ барои бори нахуст нест. Низоъ ва баҳсҳо бар сари мавзӯъи истифодаи обу роҳ ва ё чарогоҳҳо миёни сокинони манотиқи марзӣ дар ин минтақа гаҳ-гоҳе сар мезанад.

Дар баҳори соли ҷорӣ расонаҳо гузориш карда буданд, ки пас аз лату кӯб шудани роҳсозони қирғиз аз ҷониби сокинони Ворухи Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор қирғиз ва 4 ҳазор тоҷик дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар алайҳи якдигар сангар гирифтанд.

Вазъ дар ин минтақа танҳо дар пайи музокироти ҳайъатҳои вилоёти Суғду Ботканди ду кишвар ва мутаваққиф шудани бунёди роҳ дар ин минтақа ором гирифт. Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсади ин марзи муштарак аломатгузорӣ шудааст.

Матолиби муртабит