Ширкати наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон дар тамриноти вижа дар Қирғизистон

  • 9 Сентябр, 2013
Наҷотдиҳандагони тоҷик
Image caption Дар ин тамринот наҷотдиҳандагон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд

Дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон тамриноти байналмилалӣ зери унвони “Ҳаводиси табиъӣ -2013” бо ширкати гурӯҳҳои наҷоти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шудаанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон, дар ин тамринот, ки рӯзи душанбеи 9 сентябр шурӯъ шуда ва се рӯз идома хоҳад ёфт, гурӯҳҳои наҷот аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Ҳамчунин, дар ин тамринот намояндагони ниҳодҳои вобаста ба умури изтирории кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Афғонистон, Муғулистон, Чин, Ӯзбакистон ва намояндагонии бахшҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Қирғизистон ба унвони нозир ширкат мекунанд.

Олег Пилкеевич, раҳбари Идораи омӯзиши наҷотдиҳандагони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 9 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин кишвар ҳафт наҷотдиҳандаи беҳтарин дар тамринот ширкат доранд.

Оқои Пилкеевич гуфт: “Дар ҷараёни тамринот, наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон ба ҳайъати муташакил аз кормандони наҷоти се кишвари дигари минтақа пайваста ва дар варзишҳои вижа барои наҷоти мардум аз ҳодисаи эҳтимолии фурӯ рехтани саддҳои обанборҳо ширкат мекунанд.”

Достони барномаи ин тамринот иборат аз он аст, ки яке аз саддҳои Иссиқкӯл фурӯ рехта ва об ба манотиқи зисти мардум сарозер мешавад. Гурӯҳҳои наҷоте, ки ба он наҷотдиҳандагони чанд кишвар шомил ҳастанд, бояд барои наҷоти ба мавқеъи мардум фаъъолиятҳои худро ҳамоҳанг созанд.

Достони ин тамринот барои тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар даҳсолаи ахир ба мушкили обхезиҳо мувоҷеҳ аст, мушобеҳ аст.

Ин нахустин тамриноти муштараки гурӯҳҳои наҷоти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли ҷорӣ набудааст.

Тавре, ки Олег Пилкеевич мегӯяд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ даҳ нафар аз наҷотдиҳандагони гурӯҳи “Наҷот”-и Тоҷикистон дар машқҳои муштараки ин кишварҳо дар Чин ширкат ва аз худ маҳорати хуберо нишон додаанд.

Ба гуфта оқои Пилкеевич дар тамриноти Чин намояндагони ниҳодҳои марбут ба умури изтирорӣ аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат доштаанд.

Ҳарчанд масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки ахиран ин ниҳод барои осон кардани фаъъолияти наҷотдиҳандагон таҷҳизоти вижаи замонавиро ба кишвар ворид кардааст, вале гуфта мешавад, ки камбуди бархе дигаре аз таҷҳизот, аз ҷумла, чархболҳо барои расидани наҷотдиҳандагон ба макони дуруфтодаи кӯҳистонӣ дар роҳи наҷоти сареъи иддае аз ниёзмандони кумак мавонеъ эҷод мекунад.

Гурӯҳи “Наҷот”-и Тоҷикистон беш аз понздаҳ сол бад ин сӯ дар ин кишвар фаъъол аст ва гуфта мешавад, ки дар таъсис ва ташаккули он нақши Вазорати умури изтирории Русия созанда будааст.

Ин гурӯҳ дар вилоёти Тоҷикистон бахшҳои худро дошта ва намояндагони он ба таври ҳамешагӣ дар ҳайъати мақомоти маҳаллии навоҳии мухталифи ин кишвар фаъъолият доранд.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки дар авохири моҳи ҷорӣ дар минтақаи Искандарқули ноҳияи Айнии Тоҷикистон мусобиқоти вижаи серӯза дар намудҳои мухталифи варзишии марбут ба наҷотдиҳандагон баргузор хоҳад шуд.

Матолиби муртабит