Дар ним сол наҷотдиҳандаҳо 17 ҷасадро аз зери овор берун оварданд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ наҷотдиҳандаҳои кумитаи умури изтирории Тоҷикистон дар 166 мавриди вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ ва амалиёти наҷотбахшӣ ширкат намуда, 17 нафарро аз дами марг наҷот додаанд.
Онҳо ҳамчунин 17 ҷасадро аз зери баҳману кӯҳпораҳо ва аз зери рӯдхонаҳову кӯлҳо берун овардаанд.
Дар ин бора женерол Абдусаттор Хушвақтов, муъовини раиси Кумитаи умури изтирорӣ, зимни суханронияш дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъаи 19 июл хабар дод.
Соли гузашта дар ҳамин давра наҷотдиҳандаҳо дар 278 маврид ҳодисаи табиъӣ ҷони 20 нафарро наҷот дода ва 24 ҷасадро дар аз об ва зери баҳману кӯҳпора берун кашидаанд.
Бо ин ҳол, ин масъули кумитаи умури изтирорӣ гуфт: "Мо дар шаҳру навоҳии кишвар гурӯҳҳои зудъамали наҷотдиҳӣ надорем, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ зуд дар ҷойи ҳодиса ҳозир шаванд ва ҷони мардумро аз хатар наҷот диҳанд."
Оқои Хушвақтов афзуд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати кори наҷотдиҳандаҳо соли гузашта ду утумубили муҷаҳҳаз бо васоили наҷотдиҳӣ харидорӣ шудааст.
Соли ҷорӣ давлат маблағи 5 милюн сомонӣ барои харидории ҳашт мошин ихтисос дода ва то моҳи сентябр панҷ мошин дар ихтиёри наҷотдиҳандаҳо қарор мегирад.
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон бо корхонаҳои мошинсозии Русия, ки мошинҳои махсус барои наҷотдиҳандаҳо тавлид мекунанд, ҳамкорӣ мекунад ва се мошини дигар аз ҳашт мошин то охири ин сол дастраси наҷотдиҳандаҳои тоҷик қарор хоҳад гирифт.
Қимати ҳар мошини наҷотдиҳанда, ки аз хориҷи кишвар харидорӣ мешаванд, аз 85 то 150 ҳазор дулори омрикоӣ аст.
Женерол Рустам Шоев, муъовини дигари раиси Кумитаи умури изтирорӣ, гуфт: "Агар дар ҳоли ҳозир теъдоде мошинҳои махсуси наҷотдиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҳастанд, базӯдӣ ин гуна мошинҳо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ дар ҳолати вӯқӯъи ҳаводиси табиъӣ дар хидмати наҷотдиҳандаҳо қарор хоҳанд гирифт."
Дар мавриди хатароти дарёчаи Сарез женерол Абдусаттор Хушвақтов гуфт: "Чанде қабл ман шахсан аз сар то по садди ин дарёчаро гаштам ва бо итминон гуфта метавонам, ки Сарез боъиси нигаронӣ нест ва агар дар ин минтақа барои гардишгарон шароиту имконоти бештаре фароҳам мешуд, чи беҳтар мебуд, зеро хеле макони зебо ва диданист."
Тибқи итилоъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, бар асари риъоят накардани қоъидаҳои эманӣ дар ҳангоми шиноварӣ дар рӯдхонаҳо ва истахру дарёчаҳои кишвар 12 нафар ғарқ шудаанд, ки танҳо се нафар аз онҳо наҷот дода шудаанд.
Дар ҳамин давраи соли гузашта шумори ғарқшудагон танҳо 7 нафар ва наҷотёфтагон 9 нафар будааст.
Дар маҷмӯъ, зиёне, ки аз ҳаводиси табиъӣ дар шаш моҳи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шуда, беш аз 60 милюн сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон 1419 минтақаи хатарнок сабт шудааст, ки беш аз 19 ҳазор хонавода дар ин манотиқ ба сар мебаранд. Давлат ҳамасола беш аз 300 хонаводаро ба манотиқи амн кӯч медиҳад.
