Аз авали сол дар Тоҷикистон 20 нафар ғарқ шуданд
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони ин кишвар ҳушдор додааст, ки ба ҳангоми шино муқаррароти эманиро муроъот кунанд ва аз шино дар ҷойҳои хатарзои рӯдхонаҳо ва кӯлҳои ин кишвар худдорӣ кунанд.
Масъулони ин кумита мегӯянд, ки ба сабаби муроъот нашудани ин муқарраот дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 20 нафар аз сокинони ин кишвар дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо ғарқ шудаанд. Ин рақам дар муқоиса ба даврони мушобеҳи соли гузашта 50 дарсад камтар будааст.
Наргис Нурова, яке аз масъулони бахши иттилоъоти ин кумита гуфт: “Кумита бавижа аз волидон даъват мекунанд, ки кудаконро дар макони шиноварӣ танҳо нагузоранд.”
Бар асоси иттилоъи расмӣ дар тӯли соли 2012 дар кӯлҳо ва рӯдхонаҳои Тоҷикистон 113 нафар, ки аксари онҳоро ҷавонони зери 18 сол ташкил медоданд, ғарқ шудаанд.
