Боздошти занони тоҷик дар Бишкек барои гадоӣ

  • 25 Апрел, 2013

Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, се шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҳангоми гадоӣ дар хиёбонҳои ин шаҳр боздошт шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои қирғиз ин шаҳрвандони Тоҷикистон, се зан будаанд, ки дар хиёбонҳо ва роҳҳои зеризаминини шаҳри Бишкек дар чорчӯби амалиёти вижаи пулиси Қирғизистон бозодошт шудаанд.

Тавре, ки “АКИpress” менависад, ҳадаф аз ин амалиёти пулиси қирғиз мушаххас кардани кӯдакони бесарпаноҳ дар қаламрави он кишвар будааст.

Пулиси қирғиз гуфтааст, яке аз занони тоҷик барои ҷамъоварии сармоя дар хиёбон набераи 10 солаи худро истифода мекарда ва як зани дигаре бо кӯдаки даҳмоҳаи худ дар хиёбон машғули гадоӣ будааст.

Гузориш шуда, ки пулиси Қирғизистон машғули мушаххас кардани ҳуввияти ин занон ва омода кардани мадорик барои ихроҷи онҳо аз Қирғизистон аст.