Холиқназаров: 'Тавтеа дар марз роҳи ҳалли мушкил нест'

  • 13 Январ, 2014
Холиқназаров
Image caption Оқои Холиқназаров гуфт, ки мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд гирди мизи музокирот баррасӣ ва ҳал шавад

Як мақоми давлатии Тоҷикистон гуфт, ки "тавтеъаи ахир" аз ҷониби Қирғизистон метавонад аз ҳалли мушкилоти марзӣ миёни ин ду кишвар монеъ шавад.

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 13 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҷониби Қирғизистон нукоти прутукулеро, ки рӯзи 7 январ дар шаҳри Бишкек аз ҷониби муъовинони нахуствазирони ду кишвар имзо шуда буд, нақз кардааст.

Аз ҷумла, оқои Холиқназаров ба оғози сохтмони роҳи утумубилрав аз сӯйи коргарони қирғиз дар арозии мавриди баҳс дар 11 январи соли ҷорӣ ишора кард, ки аз ҳудуди Тоҷикистон убур карда ва ду минтақаи Қирғизистонро ба ҳам муттасил мекунад.

Ба эътиқоди ӯ, ин гуна амал бояд пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус, дар манотиқи мавриди мавриди баҳс, анҷом шавад.

Дар назар аст рӯзҳои наздик як ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба манзури баррасии масоили марзӣ озими шаҳри Бишкек шавад.

Зимнан, рӯзи шанбеи 11 январ дар як минтақаи марзии байни Исфара ва Бодканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар даргирӣ рух дод ва бар асари он ду марзбони тоҷик ва 5 марзбони қирғиз захм бардоштанд.

Тибқи хабарҳои расида аз маҳалли ҳодиса, дар пайи даргирии рӯзи шанбе чанде аз сокинони ҷамоъати Чоркӯҳ ба маркази ноҳияи Исфара ба назди наздикон ва пайвандонашон фирор кардаанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо интишори як баёния иддаъои ҷониби Қирғизистон мабнӣ ба даст доштани марзбонони тоҷик дар ин "тавтеъаро" рад карда ва таъкид дошт, ки “истифода аз зӯр роҳи ҳалли муноқиша нест” ва бояд гирди мизи музокирот мушкилот баррасӣ ва ҳал шавад.

Дар тӯли чанд моҳи гузашта барои бори сеюм аст, ки дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳона рух медиҳад.

Image caption Дар моҳи гузашта тазоҳургарони қирғиз роҳи утумубилрави Исфара-Бодкандро масдуд карда буданд

Дар нимаи аввали моҳи гузашта тазоҳургарони қирғиз роҳи утумубилрави Исфара-Бодкандро масдуд карда ва монеъ аз убуру мурур ба рустои Ворух шуданд.

Зимнан, рустои Ворух дар анклаве (порае аз хоки Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон) воқеъ аст, ки роҳҳои иртиботӣ ба ин минтақа аз ҳудуди кишвари Қирғизистон мегузарад.

Дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ низ миёни сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва рустои Оқсойи вилояти Бодканд бар сари бунёди роҳ аз ҷониби қирғизҳо дар минтақае баҳснок мухолифате рух дод ва бар асари он чаҳор пулиси тоҷик захмӣ шуда буданд.

Гуфта мешавад, пас аз лату кӯби роҳсозони қирғиз аз ҷониби сокинони Ворухи Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор қирғиз ва 4 ҳазор тоҷик дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар алайҳи якдигар сангар гирифтанд.

Танҳо дар пайи музокироти ҳайъатҳои вилоёти Суғду Бодканд ва мутаваққиф шудани бунёди роҳ ин моҷаро рафъ шуд.

Дар ҳодисаи дигаре дар шаби 19 августи соли ҷорӣ як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба муҷтамаъе кишоварзӣ дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ворид шуда, Абдуқаҳҳор Халлоқов, посбони муҷтамаъ, ҳамсар, писар ва ду набераи ӯро ба зарби гулӯла аз пой даровардаанд.

Арӯси ин хонавода, ки аз ин куштор ҷон ба саломат бурд, муҳоҷимонро атбоъи Қирғизистон хонда ва гуфта буд, ки онҳо ба забони қирғизию русӣ гуфтугӯ мекарданд.

Зимнан, бурузи таниш миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи тозае набуда, мукарраран дар масоили тақсими манобеъи обу қитъаҳои замин мухолифатҳо рух дода ва дар бархе маворид ба задухӯрд миёни сокинони ин ду кишвар анҷом ёфтааст.

Коршиносон далели бурузи ин гуна мухолифатҳоро ба дарозо кашидани таъйини хутути марз ва норӯшан мондани сарнавишти манотиқи баҳсноки миёни Тоҷикистону Қирғизистон марбут хондаанд.

Бино ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсади марзи муштарак аломатгузорӣ шудааст.

Кумисиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар таъйини хутути марз то ҳол натавонистааст дар мавриди манотиқи марзии мавриди баҳси тарафҳо ба мувофиқа бирасад.

Ҷониби Тоҷикистон тақозо дорад, ки таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар бар асоси нақшаи марзҳо дар соли 1920 сурат бигирад, аммо давлати Қирғизистон хостори таъйини хутути марз дар чорчӯби марзҳои феълӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар сурати пазируфтани тақозои Қирғизистон беш аз 75 ҳазор ҳектор аз арозии Тоҷикистон ба ихтиёри кишвари ҳамсоя хоҳад гузашт.

Матолиби муртабит