'Мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷанбаи сиёсӣ надоранд'

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, ки сӯитафоҳумҳои ахир дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар ҷанбаи сиёсӣ надошта ва ин рӯйдод дар равобити ду кишвар асаре нахоҳад гузошт.
Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Қирғизистон, зуҳри душанбеи 23 декабр дар ҷараёни дидори Токон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон, муъовинони нахуствазири Қирғизистону Тоҷикистон, дар шаҳри Бишкек дар канори масоили иқтисодӣ ва бунёди роҳҳои иртиботӣ масоили марзӣ низ матраҳ шудааст.
Муъовинони нахуствазирон зимни баррасии рӯйдодҳои ахир дар марзи ду кишвар гуфтаанд, ки танишҳо миёни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бештар ҷанбаи иҷтимоъӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, масоили мавриди баҳс аз тариқи музокирот ҳал шуда ва роҳи иртиботӣ аз тариқи Қирғизистон ба рустои Ворухи Тоҷикистон боз шудааст.
Зимнан, ба дунболи оташсӯзӣ дар як манзили маскунӣ дар Тоҷикистон ва дар як чойхона дар қаламрави Қирғизистон рӯзи 17 декабр дар минтақае марзӣ миёни сокинони ду кишвар мухолифатҳое буруз кард.
Атбоъи тоҷику қирғиз роҳҳои мунтаҳӣ ба рустоҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баста ва хостори боздошту муҷозоти омилони ин ҳаводис шуда буданд.
Пас аз баҳсу баррасиҳои ҳайъатҳои давлатии ду кишвар рӯзи 20 декабр роҳҳои иртиботӣ боз гардид.
Дар соли ҷорӣ дар минтақаи марзӣ байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ду ҳодисаи мушобеҳ рух дода ва боъиси бурузи таниш миёни сокинони манотиқи марзӣ шуда буд.
Дар моҳи апрел ба далели бунёди роҳи утумубилрав дар қитъаи марзии мавриди баҳс аз ҷониби давлати Қирғизистон ва дар моҳи август дар пайи кушта шудани 5 узви як хонавода дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон афроди муътариз дар ду тарафи марз таҷаммуъ карданд.
Коршиносон далели бурузи ин мухолифатҳоро ба таъхир дар таъйини хутути марзӣ ва норӯшан мондани сарнавишти манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон марбут хондаанд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон, дар дидори муъовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек мавзӯъи таъйини хутути марзӣ ва аломатгузорӣ дар марзи муштараки миёни ин ду кишвар матраҳ шудааст.
Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки рӯзи 7 январи соли оянда дар шаҳри Душанбе ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон гирдиҳам омада ва музокиротро дар ин замина идома диҳанд.
Имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии маврид баҳс танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
