Иттиҳоми Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон

  • 13 Январ, 2014
Марз
Image caption Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳодисаи тирандозӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар ҳамдигарро гунаҳкор кардаанд

Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, ки дар ҳодисаи рӯзи шанбеи гузашта нахуст марзбонони тоҷик ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд.

Дар баёнияи ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 13 январ мунташир шуд, иддаъои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди мубтакири даргирӣ будани марзбонони қирғиз такзиб шуда ва аз давлати Тоҷикистон даъват шудааст, то замони рӯшан шудани ҷузъиёти ин ҳодиса аз ибрози назар дар ин замина худдорӣ кунад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон, Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, кафили раиси Идораи давлатии марзбонии ин кишвар низ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфтааст: “Ҷониби Тоҷикистон намехоҳад ҷурми худро дар тирандозӣ дар марзи миёни ин ду кишвар эътироф кунад.”

Ба гуфтаи оқои Дуйшенбиев, соъати 12-и рӯзи шанбеи 11 январ ҳудуди 40 марзбони тоҷик ба минтақаи марзӣ, маҳалли кори роҳсозони қирғиз омада ва бо таҳдиди силоҳ хостори қатъи кори роҳсозӣ шудаанд.

Ӯ гуфтааст, моҷарои лафзӣ ба даргирӣ кашида шуда ва бар асари тирандозиҳо 6 марзбони қирғиз захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, Раҳимбердӣ Дуйшенбиев муддаъӣ шудааст, ки марзбонони тоҷик аз хунпорандоз ё миномёт ба ҷониби Қирғизистон 10 шиллик кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як баёния, ки рӯзи шанбеи 11 январ дар сойти ин вазорат мунташир шуд, ҷониби Қирғизистонро дар нақзи тавофуқоти 7 январи соли ҷорӣ муттаҳам карда ва гуфтааст, бо вуҷуди тавофуқоти қаблӣ коргарони қирғиз дар минтақаи баҳснок дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдики Қирғизистон корҳои сохтмониро оғоз кардаанд.

Дар ин баёния омадааст: “Дар ҷавоб ба талаби ҷониби Тоҷикистон барои қатъ кардани корҳои сохтмонӣ марзбонони қирғиз дар теъдоди то 20 нафар марзбони тоҷикро дашноми қабеҳ дода ва баъдан бидуни огоҳии пешакӣ ба ҷониби онҳо башиддат тир кушоданд. Дар натиҷа ду марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Марзбонони тоҷик маҷбур шуданд дар ҷавоб тир кушоянд.”

Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон роҳи утумубилӣ дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба ташаннуҷи авзо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шудааст.

Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо 7 мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунад. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.

Тибқи бархе гузоришҳо Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъии (СПАД) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд дар садад аст, дар як ҷаласа дар шаҳри Маскав ҳодисаи даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзи шанбеи 11 январро баррасӣ кунад.

Аммо мақомоти ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ин хабарро таъйид накарданд.

Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, кафили раиси Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон, имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Ҳарчанд Тоҷикистон ва Қирғизистон узви СПАД маҳсуб мешаванд, ин ниҳод ба қазияи марзӣ миёни ин ду кишвар мудохила нахоҳад кард.”

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи хабаргузории “Akipress”-и Қирғизистон, ҳоло дар вилояти Бодканди ин кишвар ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкилоти марзӣ дар марзи ин ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон, ҳамакнун ин музокирот анҷом ёфта ва ҷонибҳо дар мавриди берун бурдани нерӯҳои низомӣ аз маҳалли зисти сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ кардаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, дар ҷараёни музокирот ҷониби Тоҷикистон хостори қатъи корҳои сохтмонӣ дар роҳи утумубилрав дар минтақаи баҳснок шуда, аммо ҷониби Қирғизистон ин тақозо напазируфта ва баррасии ин масъаларо ба Кумисиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳавола кардааст.

Ҷонибҳо дар фарҷоми музокирот пруткулеро имзо кардаанд. Дар он ба иҷрои тавофуқоте таъкид шудааст, ки миёни ниҳодҳои зирабти ин ду кишвар имзо шуда буданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо муваззаф шудаанд, дар муддати 3 рӯзи оянда теъдоди аъзои гурӯҳи муштараки гаштӣ ва самти ҳаракати онҳоро мушаххас кунанд.

Ҳайъати давлати Қирғизистонро сарҳанг Искандар Мамбеталиев, муъовини раиси Идораи марзбонӣ ва раиси Ситоди нерӯҳои марзбонии ин кишвар ва ҳайъати Тоҷикистонро женерол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ӯҳда доштаанд.

Матолиби муртабит