Тавофуқи мақомоти тоҷику қирғиз барои хориҷ кардани нерӯҳои изофӣ аз марз
Image copyrightAskar BaimuratovaМақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъсиси як кумисиюни муштарак барои хориҷ кардани нерӯҳои эъзомӣ аз минтақаи марзии байни Исфара ва Бодканд прутукуле имзо кардаанд.
Тибқи ин санад, кумисиюни муташаккил аз мақомҳои марзбонӣ, амниятӣ ва интизомии Тоҷикистону Қирғизистон дар зарфи ду рӯз пешниҳодҳои худро ба раҳбарони ниҳодҳои марзбонии ду кишвар дар бораи хориҷ кардани ҷузъу томҳои марзбонӣ ва пулис аз минтақаи мавриди баҳс ироа хоҳад дод.
Ба гуфтаи Идораи марзбонии Қирғизистон ин тавофуқ дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои ду ҷониб дар шаҳри Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 15 январ доир шуд, ҳосил шудааст.
Дар ин мулоқот аз ҷониби Қирғизистон женерол Алик Мамирқулов, раиси бахши дифоъию интизомии ҳукумати Қирғизистон, Искандар Мамбеталиев, раиси ситоди кулли Идораи марзбонӣ, ва фармондеҳони минтақаии он кишвар дар вилояти Бодканд, ва аз ҷониби Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси Шӯрои амният, женерол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ, Искандар Раҷабов, ва фармондеҳони маҳалли нерӯҳоли марзбонӣ дар вилояти Суғд ширкат доштанд.
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки пас аз берун бурдани ҷузъу томҳои марзбонӣ ва пулиси ҳар ду кишвар аз минтақаи мавриди баҳс, танҳо нерӯҳои марзбони маҳаллӣ аз марзи ду кишвар муроқибат хоҳанд кард.
'Нақзи муқаррароти байналмилалӣ'
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилоъе пахш накардаанд. Талоши мо барои дарёфти назари мақомҳои вазорати хориҷа низ натиҷае надод. Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик аз ибрози назар дар бораи ин қазия ҳамвора худдорӣ кардаанд, мақомоти марзбонӣ ва умури хориҷаи Қирғизистон иттилоъияҳо ва баёнияҳои мухталифе тайи ду рӯзи гузашта пахш кардаанд.
Аз ҷумла, баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе сафорати Қирғизистон дар Душанбе бо интишори баёнияе нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва вуруд ба қаламрави худ муттаҳам карда ва хостори муҷозоти омилони ин амр аз сӯйи Тоҷикистон шуда буд.
Дар баёнияи сафорати Қирғизистон омадааст: "Соъати 12:30-и он рӯз (11 январ) 40 низомии марзбони тоҷик дар маҳалли сохтмони як ҷодда дар қаламрави Қирғизистон ҳозир ва хостори хотимаи корҳои сохтмонӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин марзбонони қирғизро ба муноқишаи лафзӣ таҳрик карданд ва алайҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз силоҳи гарм истифода карданд."
Сафорати Қирғизистон меафзояд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон алайҳи шаҳрвандон ва таъсисоти Қирғизистон аз тӯпхона (силоҳи артиллерӣ) истифода карда, ва аз ҷумла васоили иртиботии як махзани оби он кишварро гулӯлаборон кардаанд, ки ин амр "нақзи муқаррароти байналмилалӣ мебошад."
Дар ин баёния омадааст: "Ҷониби Қирғизистон ғояти норизоятии худро аз ин ки ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи қаламрави Қирғизистон гулӯла андохтанд, иброз медорад. Мо аз он нигаронем, ки ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон таҳдиде мустақим барои амният ва саботи минтақа аст."
Ҷониби Қирғизистон ҳамчунин Вазорати хориҷаи Тоҷикистонро ба интишори иттилоъоти "хилофи воқеъ" дар баёнияаш дар рӯзи 11 январ муттаҳам карда ва гуфтааст, ки "натиҷагирии барвақт ва арзёбии эҳтикоромези" ҷониби Тоҷикистон бо рӯҳ равобити ҳусни ҳамҷавории ду кишвар созгор нест.
Дар баёнияи сафорати Қирғизистон аз давлати Тоҷикистон хоста шуда, ки иқдомоти ғайримуҷози низомиёни тоҷикро эътироф кунад, омилони ин қазияро ба манзури ҷилавгирӣ аз такрори он ҷиддан муҷозот кунад ва барои зиёни ворида аз аъмоли низомиёни тоҷик ба ҷониби Қирғизистон ғаромат пардозад.
Ҷониби Қирғизистон ҳамчунин ибрози умедворӣ карда, ки Тоҷикистон барои риъояти қотеъонаи муқаррароти байналмилалӣ иродаи сиёсӣ нишон бидиҳад ва аз ҳар гуна аъмоли номашрӯъ ва иттиҳомоти аҷулонаву бепоя худдорӣ варзад.
Арзёбии 'яктарафа'
Дар ин миён, дар ҳоле ки мақомоти давлатии Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи ин қазия худдорӣ кардаанд, шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат, рӯзи чаҳоршанбе баёнияе интишор дода ва вазъияти ба вуҷуд омада дар марзи ду кишварро таҳдид барои манофеъи ҳаду ду кишвар, хонда ва ҳамзамон азрёбии "яктарафаи" мақомоти қирғизро маҳкум кардааст.
Дар ин баёния омадааст: "Ҳодисаи нохуши рӯзи 11 январ набояд василаи таблиғот алайҳи якдигар бошад, балки ҳушдоре барои ҷиддан машғул шудан ба масъалаи нишонагузории одилонаи марзҳои ду кишвар."
"Вале, мутаассифона, баъзе расонаҳо, доираҳои сиесӣ, ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишвари ҳамсоя бидуни таҳқиқ ва баррасии одилонаи қазия, онро яктарафа баҳо дода, дар умум ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд. Ҳол он, ки баррасии аввалия ошкор кард, ки ҳодиса дар хоки Тоҷикистон рух дода, таҷовузи мусаллаҳона ба сарзамини мо сурат гирифтааст."
Ҳизби наҳзати исломӣ анвишта, ки "бо истифода аз хомушӣ ва ё камфаъолиятии" масъулину ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон мақомоти кишвари ҳамсоя "фазои иттилоъотиро бо маълумотҳо ва тафсирҳои яктарафа" пур кардаанд, ки ин "боъиси натиҷагириҳои ғалат аз моҳияти масъала" хоҳад гашт.
Мутаассифона, баъзе расонаҳо, доираҳои сиесӣ, ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишвари ҳамсоя бидуни таҳқиқ ва баррасии одилонаи қазия, онро яктарафа баҳо дода, дар умум ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд. Ҳол он, ки баррасии аввалия ошкор кард, ки ҳодиса дар хоки Тоҷикистон рух дода, таҷовузи мусаллаҳона ба сарзамини мо сурат гирифтааст.
Шӯрои сиёсии ин ҳизб зимни маҳкум кардани "масъалагузории яктарафа" аз ҷониби Қирғизистон, аз тамоми ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон тақозо карда, ки "мавқеъи ошкортар ва боварибахш" нисбат ба ин масъала дошта бошанд. Ин ҳизб афзуда, ки додани иттилоъи "саривақтӣ ва эътимоднок" ба ҷомеъаи кишвар ва ҷаҳон анҷоми тадобире барои ҳимоят аз шаҳрвандон ва марзу буми кишвар аз ҷумлаи иқдомотест, ки мақомоти тоҷик бояд рӯзҳои наздик анҷом бидиҳанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчунин аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикситон интиқод кардааст, ки онҳо "худро аз қазия дур гирифта, вазни ин мушкилиро" ба дӯши раисҷумҳур, нерӯҳои мусаллаҳ ва расонаҳои мустақил вогузоштаанд, ки ин амр "осебпазирии низоми давлатиро дар баробари буҳронҳо" ошкор сохтааст.
Ин ҳизб менависад: "Афсарону сарбозони ҷасур, ки масъулияти худро барои ҳифзи марзу истиқлоли кишвар анҷом дода истодаанд, бояд пуштибонии саросарии тамоми қишрҳо, бахусус ниҳодҳои сиёсии кишварро, эҳсос намоянд. Таъмини истиқлоли миллӣ, ҳифзи марзу бум ва кумак ба ниҳодҳои қудратии кишвар бояд имрӯзҳо аз муҳиммтарин масоили кории Ҳукумат, Порлумон ва дигар мақомоти давлатии Тоҷикистон бошад."
Манофеъи муштарак
Ин ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон ҳамчунин хостори истифода аз "тамоми имконоти диплумотик, мардумӣ ва фарҳангӣ" барои баргардондани вазъият "ба муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ" шуда ва дар ин замина бар нақши рӯшанфикрон ва шахсиятҳои динӣ таъкид кардааст.
Дар муқобил, ҳизби сусиёлистии мавсум ба "Ато мекен" дар Қирғизистон низ бо интишори баёнияе аз мавзеъи давлати худ дифоъ карда ва гуфтааст, ки шаҳрвандон ва ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон бояд ба истиқлол ва тамомияти арзии Қирғизистон эҳтиром гузоранд.
Ин ҳизб ҳамчунин аз давлати Қирғизистон хостори ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла умури марзбонӣ, таъмини ҳазинаҳои онон ва анҷоми тадобире барои тақвияти омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар шудааст. Ҳизби "Ата Мекен" ҳамчунин бар зарурати нишонагузории сареъи марз таъкид кардааст.
Аз сӯи дигар, дар баёнияе, ки аз сӯи Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" мунташир шуд, омада, ки замони пиёда сохтани аҳдофи миллигароёна гузашта ва фурсати ҳамгироии бештари кишварҳои Осиёи Миёна дар як иттиҳоди минтақаӣ фаро расидааст.
Оқои Шарипов афзудааст: "Танҳо дар ин маврид манофеъи мантақаии муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хатари даргириҳо ва муноқишаҳои қавмӣ наҷот пайдо мекунад."
Дар ин баёния гуфта шуда, ки марзбандии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар замони Шӯравӣ сурат гирифта ва имрӯз боъиси даргириҳо ва муноқишаҳои қавмӣ миёни ин кишварҳо шудааст.
