Идомаи музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон

Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, то замони ҳалли муноқишоти марзӣ байни ин ду кишвар аз Бишкек ба Душанбе барнамегардад.
Хабаргузории "24.kg" ин матлабро аз қавли як манбаъ дар Вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар додааст. Оқои Саралаев рӯзи сешанбеи 14 январ барои “мушовара” аз Душанбе фарохонда шуд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки то ҳол дар бораи бозхонди сафири Қирғизистон дар Душанбе номаи расмие дарёфт накардаанд ва ба ин далел, наметавонанд дар ин бора ибрози назар кунанд.
Вале маркази матбӯъотии Кумитеи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи сешанбе Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбони ин кишвар, бо Раимбердӣ Дуйшенбиев, ҳамтои қирғизаш, дар шаҳри Бодканд дидор ва гуфтугӯ карда ва масоили марзиро баррасӣ кардааст.
Ин манбаъ низ аз ироаи ҷузъиёти ин гуфтугӯ худдорӣ кард. Вале расонаҳои Қирғизистон хабар додаанд, ки дар ин музокирот мавзӯъи назорати муштараки марзбонони тоҷику қирғиз бар марз баррасӣ шудааст.
Вале ҷонибҳо ба тавофуқ нарасидаанд ва интизор меравад баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе ин ду мақоми марзбонии кишварҳои ҳамҷавор дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ кунанд.
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ муташанниҷ шуд ва то ҳол ҷонибҳо дар бораи авомили рух додани даргирие, ки мунҷар ба захмӣ шудани чанд марзбон аз ҳарду тараф шуд, назари яксон надоранд.
Ҷониби Қирғизистон иддаъо дорад, ки марзбонони тоҷик дар минтақаи Хоҷа Аъло ба сӯйи марзбонони қирғиз гугӯла шиллик карда ва 6 нафар аз марзбонони ин кишварро захмӣ кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон иддаъо дорад, ки алорағми тавофуқот, ҷониби Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингард месохт ва рӯзи 11 январ марзбонони қирғиз вориди ин минтақа шуда ва ба сӯйи марзбонони тоҷик тир андохтаанд. Дар натиҷа ду сарбози марзбони тоҷик захмӣ шудаанд.
Хабаргузории "24.kg" аз қавли Токон Мамитов, муъовини нахуствазири Қирғизистон, дар умури дифоъ, амният ва марзҳо навиштааст, ки эҳтимол дорад таниш дар марзи муштараки ду кишвар аз сӯйи гурғҳҳои "дасисабоз" ё иғвогар эҷод шуда бошад.
Вай афзудааст: "Ҷониби Тоҷикистон расман посух дод, ки дар минтақаи ҳаммарз таниш мушоҳида намешавад. Бо кумаки ҳамсояҳо мо аз ин гурӯҳҳо ҷилавгирӣ хоҳем кард."
Оқои Мамитов афзудааст, ки феълан вазъ дар минтақаи даргирӣ ором аст ва иттилоъ дар бораи кӯч бастани сокинони маҳаллӣ воқеъият надорад.
Вай гуфта: "Ҳамчунин, дар бораи таҷаммуъи нерӯҳои низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон дуруст набудааст. Аз сӯйи дигар, ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба ҳалли диплумотики ин қазия алоқаманд аст ва аз истифода аз нерӯ ҷилавгирӣ мекунад."
Зимнан, вазъ дар ин минтақаи миёни Тоҷикистону Қирғизстон аз замони Шӯравӣ печида буда ва ба ин далел ҷонибҳо бо гузашти беш аз бист сол аз замони касби истиқлолашон натавонистаанд мушкили аломатгузорӣ дар марзҳоро ҳал кунанд.
