Додситонии Суғд: 'Дар марз нахуст қирғизҳо гулӯла шиллик карданд'

Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон дар робита бо даргирӣ дар марзи миёни ин кишвар ва Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Қирғистон ҳамдигарро ба шурӯъ кардани даргирии рӯзи шанбеи 11-уми январ муттаҳам мекунанд.
Шариф Қурбонов, додситони Суғд, рӯзи душанбеи 13 январ ба хабарнигорон гуфта, ки ин даргирӣ бо шиллик кардани гулӯла аз сӯйи марзбонони қирғиз шурӯъ шуд. Вай афзуда, ки ба маҳалли ҳодиса дуруст баъд аз вуқӯъи он рафта ва мушаххас кардааст, ки даргирӣ дар қаламрави Тоҷикистон рух додааст.
Оқои Қурбонов гуфтааст: “Ин ҳодиса баъд аз он рух дод, ки марзбонони қирғиз аз пуле дар минтақаи мавриди баҳси Хоҷа Аъло убур карданд. Вақте ки марзбонони тоҷик аз онҳо тақозо карданд, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд, дар посух душном шуниданд. Марзбонони қирғиз нахуст ба сӯйи марзбонони тоҷик гулӯла шиллик карданд. Сипас марзбонони тоҷик ҳам баҳри ҳифзи марзи худ тирандозӣ карданд."
Додситони вилояти Суғд ҳамчунин гуфта, ки "масоили марзиро наметавон бо силоҳ ҳал кард." Ин мушкил бояд дар ҷараёни музокироти ҳайъатҳои ду кишвар дар мавриди ҳалли масоили марзӣ баррасӣ шавад.
Ба гуфтаи Шариф Қурбонов, парвандаи ҷиноӣ бар пояи муқаррароти қонуни кайфарии Тоҷикистон дар мавриди талош барои қатл ва убури ғайримуҷоз аз марз боз шудааст.
Зимнан, даргирии миёни марзбонон, ки рӯзи 11 январ рух дод, ба захмӣ шудани ду марзбони тоҷик ва шаш марзбони қирғиз мунҷар шуд.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон бо пахши як баёния ҷониби Тоҷикистонро муртакиби ин ҳодиса унвон кардааст. Дар баёнияи ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 13 январ мунташир шуд, иддаъои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди мубтакири даргирӣ будани марзбонони қирғиз такзиб шуда ва аз давлати Тоҷикистон даъват шудааст, то замони рӯшан шудани ҷузъиёти ин ҳодиса аз ибрози назар дар ин замина худдорӣ кунад.
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 13 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҷониби Қирғизистон нукоти прутукулеро, ки рӯзи 7 январ дар шаҳри Бишкек аз ҷониби муъовинони нахуствазирони ду кишвар имзо шуда буд, нақз кардааст.
Аз ҷумла, оқои Холиқназаров ба оғози сохтмони роҳи утумубилрав аз сӯйи коргарони қирғиз дар арозии мавриди баҳс дар 11 январи соли ҷорӣ ишора кард, ки аз ҳудуди Тоҷикистон убур карда ва ду минтақаи Қирғизистонро ба ҳам муттасил мекунад.
Ба эътиқоди ӯ, ин гуна амал бояд пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар манотиқи мавриди мавриди баҳс, анҷом шавад.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, имтидоди марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 килуметр буда, ба далели вуҷуди арозии баҳснок танҳо 567 килуметр ё 59 дарсад аз марзи муштарак аломатгузорӣ шудааст.
Кумисиюни муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини хутути марз то ҳол натавонистааст дар мавриди манотиқи марзии мавриди баҳси тарафҳо ба мувофиқа бирасад.
