Даргирии тоза дар минтақаи марзии байни Исфара ва Бодканд

Ҳадди ақал панҷ нафар дар асари даргирӣ миёни маъмурони марзии тоҷику қирғиз дар минтақаи марзии байни Исфара ва Бодканд захмӣ шудаанд.
Баъд аз зуҳри рӯзи шанбеи 11 январ пас аз оромии нисбие, ки чанд муддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт, дубора дар мантақаи Оқсойи ноҳияи Бодканд байни марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрде сар зада ва марзбонон ба сӯи ҳамдигар тир шиллик карданд.
Гуфта мешавад дар натиҷа чанд тан аз марзбонон аз ҳарду ҷониб ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шудаанд
Дар тӯли чанд моҳи гузашта барои бори сеюм аст, ки дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳона рух медиҳад.
Тибқи хабарҳои расида аз маҳалли ҳодиса, дар пайи даргирии рӯзи шанбе чанде аз сокинони ҷамоъати Чоркуҳ ба маркази ноҳияи Исфара ба назди наздикон ва пайвандонашон фарор кардаанд.
Он гуна, ки расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, се марзбони захмишудаи қирғиз, ки аз шикам захм бардоштаанд, дар бемористони низомии Бодканд бистарӣ шуда ва ҳамчунин як марзбон аз рони пойи росташ ва марзбони дигар аз шонаи дасти росташ захмӣ шудааст, ки ӯ низ ба бемористон мунтақил шудааст.
Ҳамчунин, шуморе аз занҳо ва кӯдакон аз ҷумлаи сокинони вилояти Бодканди Қирғизистон, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз маҳалли даргирии марзбонон ба мантақаи амн кӯч дода шудаанд.
Аммо мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, аз ибрози назар дар мавриди даргирии ахири марзӣ байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи 9 январ муъовинони нахуствазирони Қирғизистону Тоҷикистон, Токон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон, дар мавриди таҳқиқоти муштарак дар мавриди ҳодисаҳои марзӣ ва назорати муштаарк бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ карда буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 килуметр марзи муштарак доранд, ки қисмати умдаи марзи давлатии ҳарду кишвар то кунун таъйин нашудааст.
Мақомоти ҳарду кишвар барои муддатзамони тӯлонӣ барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои марзӣ ва рафъи тамоми масоили марбут ба таъйини хутути марзӣ миёни ду кишвар талош мекунанд.
Хатти марзи миёни ду кишвар дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар ҷоддаҳое, ки аз миёни рустоҳо мегузарад, ба таври шартӣ ва муваққатӣ муъайян шудааст ва дар натиҷа мардуми маҳаллӣ дар заминаи дастрасӣ ба об ва ҷоддаҳо мушкил доранд.
