Зойиров аз оғози омодагии ҳизбаш ба интихоботи порлумонӣ хабар дод
Image copyrightBBC World ServiceРаҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), аз омодагии ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2015 хабар дод.
Оқои Зойиров дар баёнияе, ки рӯзи 14 январ пахш кард, хабар дода, ки ҲСДТ аз ин рӯз “ба Соли омодагӣ ба интихоботи мардумӣ - "Интихобот 2015" расман ворид мешавад”.
Ин сиёсатмадори мухолифи давлат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки интихоботи соли 2015 "дар ҳама сатҳҳо ҳамчун "Интихобот барои мардумсолорӣ" эълон ва эътироф карда шавад."
Тибқи ин баёния, ин мавзӯъ ахиран дар раёсати ин ҳизб баррасӣ шуда ва ҲСДТ “ташаббуси кумитеи Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дастгирӣ карда, такмил ва демукротиктар кардани қонуни интихоботро зарурӣ ва саривақтӣ мешуморад."
Дар ин баёния омадааст: "Ҳамчун қадами аввал тағйироту иловаҳо ба қонуни интихобот ба муҳокимаи мардумӣ, аз ҷумла ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо, Шӯрои ҷамьиятӣ дар марказ ва маҳалҳо, дигар шӯроҳо оид ҳамкории иҷтимоъӣ, анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои занон ва ҷавонон пешниҳод карда шавад."
ҲСДТ ҳамчунин пешниҳод кардааст: "Ба таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо то 10 феврали соли 2014 "Барномаи мардумсолорӣ" барои солҳои 2014-2020 пешниҳод карда шавад."
Зимнан, сусиёл-демукротҳои тоҷик дар ҳамаи интихоботҳои порлумонӣ ва маҷолиси шаҳру вилоёти Тоҷикистон ширкат карда, вале то ҳол муваффақ нашудаанд, ки номзадашон дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шавад. Ин ҳизб ҳамчунин дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ пайваста ширкат мекунад, вале ҳамчунон ноком будааст.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли милодии гузашта ин ҳизб аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова, номзади Ҳизби наҳзати исломӣ ва Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб пуштибонӣ кард. Вале хонум Бобоназарова натавонист ҳатто барои сабти номи худ миқдори зарурии имзоро ҷамъоварӣ кунад.
Бо ин вуҷуд, ҲСДТ дар фазои сиёсии кишвар мавқеъи вижае дорад. Зеро раҳбарони ин ҳизб аз чеҳраҳои саршинос иборат буда ва онҳо аз мунтақидони аслии давлати феълӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки фаъъолони ин ҳизб барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик иқдомоте анҷом додаанд
