Ироаи кумакҳои башарӣ ба марзбонони Қирғизистон ва сокинони навоҳии марзӣ

  • 16 Январ, 2014

Расонаҳои Қирғизистон аз ироаи кумакҳои башарӣ ба марзбонони ин кишвар ва сокинони навоҳии марзӣ иттилоъ доданд.

Тавре ки хабаргузории “24kg” менависад, ҳизби сиёсии мавсум ба “Замондаш-Современник”-и Қирғизистон барои марзбонон ба маблағи 500 ҳазор сом маводди ғазоӣ, оби ошомиданӣ ва маводди дигари мавриди ниёз ироа кардааст.

Тавре ки масъулони ин ҳизб гуфтаанд, ин кумакҳо “барои марзбонони мантақаи даргириҳои ахир ва сокинони рустоҳҳои наздик ба он” равона шудааст.

Сапарбек Асанов, раҳбари ин ҳизб, ба хабарнигорон гуфтааст: “Ба ин васила мо мехоҳем ба боло бурдани рӯҳияи сарбозон кумак кунем ва аз онҳо барои хидматашон сипосгузор бошем.”

Ба гуфтаи ин масъули ҳизб, даргирии мусалаҳонаи ахир дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон мушкилоти тӯлонии мавҷуда дар онро таҷассум мекунад. Вай афзудааст, ки ин душворӣ танҳо як минтақа набуда ва мушкили куллии Қирғизистон аст.

Вай шилики гулӯла ба қаламрави Қирғистон, кишвари дӯсти Тоҷикистонро, як амали "таҷовузкорона" унвон кардааст. Аммо афзудааст, ки ҳарчанд вазъият дарвоқеъ ҷиддӣ аст, вале на ба он ҳадде, ки аз аслиҳа истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол пулиси қирғиз аз сокинони манотиқи марзии муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд даъват кардааст, ки ба ҳар гуна иғвоҳо бовар накунанд.

Яке аз муъовинони Вазорати умури дохилаи Қирғизистон дар ҷараёни мулоқот бо сокинони вилояти Бодканд ҳамчунин ба мардум ваъда додааст, ки мақомот аз мавқеъи онҳо дифоъ хоҳанд кард.

Нооромиҳо дар навоҳии марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд ва ноҳияи Исфара баъд аз воқеъаи табодули оташ миёни марзбонони ду кишвар рӯзи 11 январ оғоз ёфт.