'Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон боқист'

Як масъули Гурӯҳи Байналмилалии Буҳрон гуфтааст, ки то ҳол вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба ҳолати оддӣ надаромада ва дар баробари таниш осебпазир боқӣ мондааст.
Диедре Тайнен, намояндаи ин созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, ба Би-би-сӣ гуфта, ки тибқи иттилоъи бархе расонаҳо ҷониби Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон аз тӯп шиллик карда ва Вазорати дифоъи Қирғизистон ба навбаи худ дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон размоиши низомӣ анҷом додааст.
Ба гуфтаи оқои Тайнен, ҳарчанд мақомоти Қирғизистон ҳамзамонии баргузории ин размоиш бо муноқиша дар марзро як амри тасодуфӣ хондаанд, вале дар миқёси бузург анҷом шудани он "нақшаӣ" будани размоиши низомиро зери суол бурдааст.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ гуфтааст, ки размоиши нерӯҳои Вазорати дифоъи Қирғизистон дар вилояти Бодканди ин кишвар барои амнияти Тоҷикистон хатаре эҷод нахоҳад кард.
Ин размоиш дар пайи даргириҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзи 11 январи соли ҷорӣ, ки ба захмӣ шудани 6 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик мунҷар шуда буд, анҷом шудааст.
Ба дунболи ин ҳодиса ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро бастааст.
Ҳамчунин, Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо “барои машварат” ба Бишкек фаро хонда ва Вазорати хориҷаи Қирғизистон зимни судури як ёддошт аз пойин бурдани сатҳи намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон хабар дод.
Дар солҳои қаблӣ низ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифатҳое буруз карда, аммо аз тариқи гуфтушунид мушкилоти марзӣ ҳал шуда буд.
Аз ҷумла, дар соли гузашта дар марзи Қирғизистон бо Узбакистон ба далели насби фиристандаҳои амвоҷи телевизиюну родию дар манотиқи марзӣ аз ҷониби Узбакистон ва бунёди хатти барқ дар наздикии анклави Сух дар ҳудуди Қирғизистон муноқишоте рух дода буд.
Аммо ба эътиқоди Диедре Тайнен, намояндаи Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, бо таваҷҷуҳ ба он ки дар танишҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон марзбонони ин ду кишвар ширкат доштанд, мумкин аст ин моҷаро авоқиби номатлубе дар пай дошта бошад.
Масалан, баста шудани марзи миёни ин ду кишвар тиҷорати манотиқи марзиро номумкин сохтааст. Гуфта мешавад, аз ин вазъият тоҷирону сокинони рустоҳои манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ранҷ мебаранд.
Диедре Тайнен мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи мавриди баҳсро илали аслии бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хондааст, ки дар зарфи 20 соли истиқлол мақомоти ин ду кишвар натавонистаанд дар заминаи таъйини хутути марз ба тавофуқ бирасанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ), ҳанӯз ба таниши байни Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масоили марзӣ вокунише накардааст. Ин дар ҳолест, ки масоили марзӣ аз масоили умдаи мавриди таваҷҷуҳи ин созмон дар минтақа аст.
Аммо як манбаъи ин созмон, ки ҳувияташро ифшо накард, гуфт, ки аз бас мақомоти тоҷик ва қирғиз аз САҲУ дархости мусоъидат барои рафъи таниш дар марз надодаанд, ин созмон дар ин умур мудохила намекунад.
