Қирғизҳо прутукул дар бораи заминҳои мавриди баҳсро 'нақз карданд'
Image copyrightBBC World ServiceМақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷониби Қирғизистон прутукули имзошуда аз сӯйи ҳайъатҳои давлатии ду кишвар дар моҳи майи соли 2008-ро, ки бунёди ҳар гуна таъсисот дар заминҳои мавриди баҳсро мамнӯъ мекунад, нақз кардааст.
Женерол Шараф Файзуллоев, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабаргузории "Pressa.tj" гуфтааст, ки даргирии рӯзи 11 январро нахуст марзбонони қирғиз бо ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон ва шиллики гулӯла ба сӯйи марзбонони тоҷик шурӯъ кардаанд.
Тайи чанд рӯзи ахир мақомҳои марзбонӣ ва Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ибрози назар дар бораи муноқишаи марзӣ худдорӣ мекарданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти қирғиз баёнияҳои мухталифе интишор дода ва ҷониби Тоҷикистонро ба нақзи муқаррароти байналмилалӣ муттаҳам кардаанд.
Аммо дар мусоҳибаи женерол Файзуллоев, ки рӯзи панҷшанбеи 16 январ мунташир шуд, омадааст: "Тақрибан соъати 12:20 (11 январ) ба вақти Душанбе аз тарафи низомиёни қирғиз нахустин гулӯла шиллик шуд, ки ба захмӣ шудани сарвон (капитан) Раҳимов Ф. анҷомид."
Вай меафзояд: "Ҳамзамон, марзбонони қирғиз, ки дар қаламрави Тоҷикистон буданд ва гурӯҳи тирандози пуштибони онҳо, ки аз қабл дар қаламрави Қирғизистон омода шуда буд, бо истифода аз мусалсал (пулемёт) ва туфангҳои тирандозӣ аз хафо (снайпер) рагбори гулӯларо шурӯъ карданд."
Дар натиҷа, марзбонони тоҷик ночор шудаанд посух бидиҳанд: "Бо таваҷҷуҳ ба шумораи зиёд ва тарокуми тирандозӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз, тасмим гирифта шуд, ки барои нигоҳ доштани тирандозӣ ва берун бурдани захмиён аз маҳалли ҳодиса аз хумпораандоз (миномёт) истифода шавад."
Оқои Файзуллоев мегӯяд: "Таъкид мекунам, ки мо бидуни ҳадафгирии ҳайъати шахсӣ танҳо ба маҳал гулӯла андохтем. Танҳо пас аз истифода аз хумпораандоз тирандозӣ хотима ёфт ва марзбонони қирғиз ба қаламрави худ ақаб нишастанд."
Прутукули заминҳои мавриди баҳс
Ин мақоми марзбонии Тоҷикистон гуфта, ки тибқи прутукули ҳайъатҳои давлатии ду кишвар дар 29 апрели соли 2008 мақомоти тоҷику қирғиз тавофуқ карда буданд, ки тақсими қитаъоти замин, сохтмони хона, таъсисоти хусусӣ ва ҳамоҳангнашуда дар заминҳои мавриди баҳси ду тараф то замони таъйини хутути марзӣ ва аломатгузорӣ дар марз мамнӯъ мешавад.
Ин прутукулро аз ҷониби Қирғизистон Токон Мамитов дар замони дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш имзо карда буд. Ҳоло оқои Мамитов муъовини нахуствазир аст ва дар бораи муноқиштоти марзӣ бо Тоҷикистон ибрози назарҳое дар матбӯъоти Қирғизистон кардааст.
Женерол Файзуллоев гуфта, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон низ дар моҳи майи соли 2008 бар аҳаммияти ин прутукул таъкид карда буданд ва тибқи ин санад мебоист мақомоти ду кишвар тавофуқномае таҳия ва имзо кунанд. Аммо бо вуҷуди пешниҳодҳои мукаррари ҷониби Тоҷикистон, мақомоти қирғиз имзои ин мувофиқатномаро "амдан" ба таъхир андохтааст, ки "маншаъи таниши доимӣ дар манотиқи марзист."
Коршиносон мегӯянд, ки мушкилоти марзӣ дар ин минтақа аз замони Шӯравии собиқ ба мерос монда ва мақомоти тоҷику қирғиз дар тӯли беш аз 20 соли истиқлоли ду кишвар натавонистаанд дар мавриди таъйини хутути марзӣ ва аломатгузории он ба тавофуқ бирасанд. Гуфта мешавад то кунун танҳо 505 килметр ё беш аз 50 дарсади хатти марз байни ду кишвар таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Минтақаи Ворух ва арозии перомуни он аз манотиқи умдаи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бар асоси асноди марбут ба солҳои 1924 то 1027 минтақаи Ворух ҳаргиз анклав (порае аз хоки як кишвар дар қаламрави кишвари дигар) набуда ва дар даҳаи 1950 пас аз он ки атбоъи қирғиз заминҳои атрофи онро тасарруф карданд, ба як "анклав" табдил шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, замине, ки ҷониби Қирғизистон мехоҳад дар он ҷоддаи Куктош-Оқсойро созад (даргирии ахир дар он ҷо рӯй додааст), низ сарнавишти мушобеҳе дошта ва бар асоси асноди ҳуқуқии тасвибшуда дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1924 ва 1927 ҷузъе аз хоки Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Даргирии рӯзи 11 январ пас аз он шурӯъ шуда, ки шуморе аз шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳимояти нерӯҳои марзбонии он кишвар дар ин маҳал ба сохтани ҷоддае утумубилрав оғоз карданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин иқдоми онҳо хилофи прутукули тасвибшуда дар моҳи апрели соли 2008 аст.
Кумак ба сокинони манотиқи марзӣ
Дар ҳамин ҳол, Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, ки ба анҷоми фаъъолиятҳое дар минтақаи муноқишоти марзӣ бо Қирғизистон иқдом кардааст. Торнамои расмии ин ҳизб хабар дода, ки фаъъолони ҳизбӣ фаъъолиятҳоеро дар ду ҷиҳати таблиғотӣ ва ироаи кумакҳо ба сокинони ниёзманди маҳаллӣ дар ноҳияи Исфара тақвият додаанд.
Дар иттилоъияи ин ҳизб омадааст: "Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии наздисарҳадӣ, ки онҳо 24 ададро ташкил медиҳанд, корҳои дастурдиҳиву фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Ворух ва Хоҷаи Аълои ҷамоъати деҳоти Чоркӯҳ чаҳор гурӯҳи мукаммали тарғиботию ташвиқотӣ ташкил карда шуд, ки онҳо мунтазам дар байни мардум короеро анҷом медиҳанд."
Ҳизби халқи демукрот мегӯяд, ки аъзои маҳаллии он ба мардуми манотиқи марзӣ умдатан дар бораи мавзеъи устувори ҳукумат дар масоили марзӣ ва ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон, фароҳам кардани шароит барои кору зиндаги оромона ва ҷилавгирӣ аз "воҳимаву суханони беасос", иттилоърсонӣ мекунанд.
Ин ҳизб ҳамчунин гуфта, ки ба аҳолии минтақа кумакҳои моддӣ ироа кардааст: "Самти дуюм дастгирии моддӣ ва кумаки бевосита расондан дар маҳалҳо (аст). Кумитеи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷалби нерӯи аъзо дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки аввалан аҳолӣ ва қишрҳои ниёзмандро бо пӯшокаву маводди ғизоӣ, маблағҳои пулӣ ва маводди сӯхтӣ таъмин созад. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаи Аъло дар якҷоягӣ бо ҷамъияти матлуботи ноҳия бо нархи арзон молҳои мавриди ниёзи аввалия ба фурӯш бароварда шуд."
Дар торномаи ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ба уҳда дорад, таъкид шудааст, ки дар ин кор аъзои фаъъоли ин ҳизб дар минтақа, аз ҷумла “Аброров А., Қосимов Б., Раҷабов С” бештар саҳм доштаанд. Ҳарчанд дар бораи ин афрод иттилоъи бештаре пахш нашудааст.
Дар поёни гузориши худ масъулони ҲХДТ, ки изҳор доштаанд, ки “минбаъд низ мо ин гуна корҳоро амалӣ хоҳем кард ва ҳиссаи худро, то метавонем, дар ҳалли сулҳомези ҳодисаи марзӣ хоҳем гузошт."
Зимнан, бори нахуст аст, ки як ҳизби сиёсии Тоҷикистон аз фаъъолиятҳои худ барои рафъи мушкилот дар миёни сокинони манотиқи марзӣ гузориш медиҳад. Қаблан расонаҳои Қирғизистон ҳам аз ироаи кумакҳои башардӯстонаи бархе аз аҳзоби он кишвар ба мардуми минтақаи даргирӣ хабар дода буданд.
Пештар ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, дар робита бо даргирии 11 январ дар марз бо Қирғизистон, ки 8 нафар захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, баёнияе мунташир карда ва хоста буд, ки барои ҳалли мусолиматомези ин қазия аз нерӯи мазҳабиёни саршинос истифода шавад.
Рӯзи панҷшанбе Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, аз аҳзоби дигари мухолиф, низ бо пахши баёнияе мавзеъи худро нисбат ба ин қазия рӯшан сохта ва изҳор дошта буд, ки ҷонибҳо бояд сареъан барои ҳалли муноқишоти марзӣ иқдомоте рӯйи даст бигиранд.
Аз ин пеш вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо пахши баёнияҳое ҳамдигарро ба оғоз кардани ин даргирӣ мутаҳҳам мекарданд. Додситонии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, эълом карда буд, ки дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва мақомоти қирғизро муттаҳам медонад.
