Суғд халабони 'қаҳрамон'-ро қадрдонӣ кард

Субҳи рӯзи шанби 25-уми май Аъзам Нодиров, копитони ҳавопаймои Боинг 737, ки тавонист дирӯз ҳавопаймои дучори мушкилро дар фурӯдгоҳи Хуҷанд нишонад, аз сӯйи раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуд.
Бино ба гузоришҳо Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ба Аъзам Нодиров, халабони собиқадор барои нишондани ҳавопаймо бидуни осеб, ҷоизаи пулӣ тахсис додааст.
Дирӯз 24-уми май ҳавопаймои Боинг 737, ки ҳомили 90 мусофир буд ва аз Москав ба Душанбе парвоз кард, ба мушкилоти фаннӣ рӯбарӯ шуда ва беш аз як соат дар ҳарими фазои шаҳри Хуҷанд чарх зад, то пас аз коҳиши маводди сухти ҳавопаймо бо осеби камтарин фурӯд ояд.
Рӯзи шанбе Абдусаттор Зиёев, муъовини мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "ТоҷикЭйр" дар умури бехатарии парвозҳо ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба Аъзам Нодиров, копитон ва Фарҳод Олимов халабони дуввуми ин ҳавопаймо тӯҳфа дода шуд.
Ӯ афзуд: “Рузи душанбеи оянда ширкати "ТоҷикЭйр", ки ҳавопаймои Боинг 737 ба ин ширкат тааллуқ дорад низ дар назар дорад ба ин халабонҳо ҷоиза бидиҳад.”
Масъулони "ТоҷикЭйр" гуфтанд, ки сабаби ба мушкил мувоҷеҳ шудани ҳавопаймо то ҳоло равшан нест ва таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯйи кумисиюни вижа идома дорад.
Оқои Зиёев дар посух ба ин савол, ки оё қадрдонӣ шудани халабонҳо ба маънои "бегуноҳии" онҳо дар ин ҳодиса аст, гуфт: “То он даме ин кумисиюн корашро ба анҷом нарасонад, мо чизе гуфта наметавонем, оё айби чархҳои ҳавопаймо буд, ё фурӯдгоҳи Домодедово, ё чизе дигар.”
Коршиносон мегӯянд, халабонҳое, ки таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро доранд, дар миёни ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон муътабаранд, зеро халабонӣ дар қаламрави кӯҳистонӣ маҳорати хеле боло мехоҳад.
Ба вижа халабонҳое, ки дар масири Душанбе - Хоруғ парвоз мекунанд, халабонҳои бомаҳораттарин маҳсуб мешаванд.
Бо ин ҳама, Business Insider, хабаргузории таҳлилии омрикоӣ чанд рӯз пеш ширкати "ТоҷикЭйр"-ро дар миёни даҳ ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ қарор дод.
Дар ин гузориши ин хабаргузорӣ омадааст, ки "ба ҷуз аз сервиси бади "ТоҷикЭйр", ҳавопаймоҳои кӯҳнаи ин ширкат чанд маротиба суқут кардаанд."
Аъзам Нодиров, копитони ҳавопаймои Боинг 737 таҷрубаи беш аз 20-солаи парвоз доштааст.
