Бон: Пешрафти ҳамаи арсаҳо дар гарави баробарӣ барои занон аст
Image copyrightReutersПешрафти бисёре аз арсаҳои ҳаёти инсонӣ дар гарави таъмини баробарӣ барои занон аст.
Ин сухани Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан аст, ки дар торнамои расмии ин ниҳоди байналмилалӣ мунташир шудааст.
Оқои Бон муътақид аст, ки баробарӣ барои занону духтарон танҳо ба мавзӯъи инсоф ва ҳуқуқи бунёдии инсон марбут нест, балки пешарфти бисёре аз арсаҳо ба ин амр бастагӣ дорад.
Вай афзудааст: "Кишварҳои дорои баробарии бештари ҷинсиятӣ рушди иқтисодии беҳтаре доранд. Ширкатҳое, ки раҳбарону мудирони зан бештар доранд, фаъъолияташон беҳтар аст. Тавофуқоти сулҳе, ки бо ҳузури бештари занон ба даст омада, пояндатар аст. Маҷолис ё порлумоншое, ки аъзои бештари зан доранд, қавонини беҳтаре барои ҳаллу фасли масоили умдаи ҷомеъа, назири беҳдошт, омӯзишу парвариш, мубориза бо табъиз ва ҳимоят аз кӯдакон вазъ мекунанд."
Табъиз аз бадви таваллуд
Ба эътиқоди оқои Бон, маншаъи ин ҳама пешрафт таъмини баробари занону мардон дар ҷомеъа аст. Вай гуфт, ки барои дастёбӣ ба ашдофи тавсеъаи ҳазора то поёни соли оянда кишварҳои ҷаҳон бояд дар ин замина кори бештаре анҷом диҳанд ва тарҳи фаъъолиятҳо барои баъд аз 2015-ро таҳия кунанд.
Дабири кулли СММ гуфта, ки дар солҳои ахир дастовардҳое дар заминаи дастрасии духтарон ба омӯзиша парвариш ва мушорикати сиёсии занон дар ҷаҳон ҳосил шудааст. Аммо ин пешрафт суст ва нобаробар аст.
"Як духтари навзод аз бадви таваллуд бо нобаробарӣ ва табъиз рӯбарӯ мешавад, сарфи назар аз ин модараш дар куҷо зиндагӣ мекунад. Вазифаи ҳамаи мост, ки ҳаққи ӯ ба зиндагии орӣ аз хушунатро, ки ҳар севумин зан дар ҷаҳон дастхуши он қарор мегирад, таъмин кунем: музди баробар барои кори баробар, озод будан аз табъиз, ки аз мушорикаташ дар иқтисод монеъ мешавад, раъйи баробар дар ҳар тасмимгирие, ки дар зиндагии ӯ асар мегузорад, ва тасмимгирӣ дар мавриди ин ки кай ва чанд фарзанд дошта бошад."
Оқои Бон ба духтарон паём дода, ки таъмини баробарӣ ва ҳуқуқи башар орзӯ нест, балки вазифаи ҷонии давлатҳо, Созмони Милал ва тактаки инсонҳои рӯйи Замин аст. Вай аз мардону писарон низ хоста, ки нақши худро дар ин замина ифо кунанд, зеро "вақте, ки занону духтарон - модарон, хоҳарон, дӯстону ҳамкорони шумо - аз ҳамаи зарфиятҳо бархурдор шаванд, ҳама баробар суд мебинем."
Дабири кулли СММ аз давлатҳои ҷаҳон хоста, ки дар баробари талошҳо барои рафъи фақр ва дастёбӣ ба тавсеъаи пойдор барои эҳқоқи ҳуқуқи занон, баробарии ҷинсиятӣ ва қудрат додан ба онҳо низ талош варзанд. Шиъори Рӯзи ҷаҳонии зан дар соли ҷорӣ низ "Баробарӣ барои занон пешрафт барои ҳама аст" эълом шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ бо судури паёме ба муносибати "Рӯзи модарон" иблоғ карда, ки рӯзи ҷумъаи 7 март дар телевизиюнҳои давлатӣ пахш шуданд.
Аз рӯзи 8-и март дар Тоҷикистон қаблан ба унвони Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешуд, вале чанд сол пеш, ба ибтикори оқои Раҳмон, номи ин рӯз ба "Рӯзи модарон" иваз шуд, ки мунтақидон мегӯянд ин амр худ нишонаи густариши сиёсати мардсолорона дар Тоҷикистон аст.
Вай дар паёми худ нахуст аз нақши модар дар зиндагии инсон изҳори назар карда ва афзудааст: "Мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хоссаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азаммату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем."
Дар идомаи ин паём оқои Раҳмон мегӯяд, ки таҷлил аз ҷашни модарону бонувон дар сатҳи давлатӣ "нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд."
Мушкилоти сахту сангини занон
Беш аз панҷоҳ дарсади сокинони Тоҷикистонро занон ва бонувон ташкил медиҳанд ва ба гуфтаи коршиносон, дар зиндагии онҳо мушкилоти фаровоне мушоҳида мешавад. Муҳоҷирати бахши умдаи мардон ба хориҷ, адами дастрасӣ ба таҳсил ва ҷойи кори муносиб, мушкилоти хонаводагӣ, хушунат алайҳи занон ва бонувон аз мушкилоти ҷиддии зиндагии занон дар Тоҷикистон хонда мешавад.
Вале оқои Раҳмон дар паёми худ, ки мушобеҳи паёмҳои гузаштаи ӯст, мегӯяд: "Саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоъии занон ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоъии ҷомеъаи кишварамон маҳз бо дарназардошти ҳамин ҷойгоҳи хосса ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад."
Вай афзуд: "Давлату Ҳукумат ва ҷомеъаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбият кардааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд."
Ба эътиқоди оқои Раҳмон, тасвиби қонун дар бораи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеъа "намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад."
Зимнан, дар интихоботи соли гузаштаи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, аз сӯйи Ҳизби наҳзати исломӣ вориди муборизоти интихоботӣ шуд. Вале тими ӯ натавонист шумори кофии имзо барои пуштибонӣ аз хонум Бобоназароваро ҷамъоварӣ кунад.
Оқои Раҳмон дар паёми имсолаи худ низ бо ишора ба камбудиҳо дар сиёсати давлатӣ дар умури занон гуфтааст: "Таҳлили иҷрои санаду барномаҳои қабулшуда нишон медиҳад, ки корро дар ин самт боз ҳам беҳтар ташкил кардан зарурист. Ғамхорӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби давлат минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад, вале зарур аст, ки рӯҳияи эҳтиром ба занон ва арҷгузории заҳмати модарон дар ҳар оила ва дар тамоми ҷомеъа бояд боз ҳам бештар густариш ёбад."
Зимнан, дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми март аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ таътил аст ва ҳамаи мақомоти кишвар дар ин рӯз машғули табрики хонумон ва бонувон мешаванд.
