Дастури Раҳмон барои манъи сарбозгирӣ 'бо роҳҳои ғайриқонунӣ'

  • 15 Феврал, 2014
сарбозонImage copyrightBBC World Service
Image caption Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозгирӣ 'бо роҳу равишҳои ғайриқонуниро' манъ кардааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мақомҳои низомии ин кишварро дастур додааст, ки "роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ" комилан аз байн бибаранд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 15 феврал дар ҷараёни мулоқот бо шуморе аз мақомҳои низомӣ ва интизомӣ, ки тоза ба симатҳои раҳбарӣ мансуб шудаанд, дар ин бора суҳбат кардааст.

Манобеъи риёсати ҷумҳурииТоҷикистон мегӯянд, ки оқои Раҳмон ҳамчунин кодрҳои тозаинтисобро "ба хидмати содиқона ва матонату шуҷоъат дар иҷрои вазифаҳои худ" ҳидоят карда ва хостори тарбияти кодрҳои ҷавону ояндадор ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои баланд шудааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, батозагӣ бо ризояти раисҷумҳур раҳбарони чаҳор бахши (риёсати) вазорати диофъ аз симатҳои худ барканор ва афроди тозае ба ин симатҳо мансуб шудаанд.

Ҳамчунин, раҳбарони кумисериёи низомии ноҳияҳои тобеъи марказ ва кумисериёҳои низомии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шудаанд.

Сойти риёсати ҷумҳурӣ дар идома менависад: "Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тарбияти кодрҳои миллии афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба саффҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад."

Барои ин ки ба ҳеч гуна сарбозгирии иҷборӣ барои артиши Тоҷикистон ниёзе набошад, оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки тарбияти низомӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон аз кӯдакистонҳо ва мактабҳои мутавассита дар саросари кишвар "дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад."

Сарбозгирии иҷборӣ ба шеваи "дору гир" ё ба истилоҳ "облава" дар саросари Тоҷикистон тайи ду даҳаи ахир ба амре маъмулӣ табдил шудааст. Маъмурони пулис ва кумисериёҳои низомӣ якҷо бо мақомҳои маҳаллӣ маъмулан бо баргузории амалиёти вижа ҷавононро "дастгир" карда ва ба артиш мефиристанд.

Дар гузашта аз мавориди зиёде гузориш шуда, ки ҳатто ҷавонони синни мадраса ва ё онҳое, ки беморанд ва ё ба далоили дигар аз анҷоми хидмати низомӣ муъофанд, бо ин шева ба артиш бурда шудаанд.

Аммо ин амр тайи солҳои ахир нигаронии гурӯҳҳо ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башарро ба ҳамроҳ дошта ва онҳо пайваста зимни интиқод аз мавориди сарбозгирии иҷборӣ хостори ислоҳот дар артиш шудаанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дастури оқои Раҳмон дар бораи аз миён бурдани "роҳу равишҳои ғайриқонунии" сарбозгирӣ долл бар ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар сутӯҳи олӣ вуҷуди чунин маворидеро эътироф мекунанд ва талошҳое барои рафъи ин мушкил анҷом медиҳанд.

Зимнан, ислоҳот дар системи артиш ва роҳандозии низоми хидмати сарбозии қарордодӣ ҷузъе аз барномаи номзадии оқои Раҳмон барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ буд, ки 6 ноябри 2013 баргузор шуд.

Он замон Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, ба Би-би-сӣ гуфта буд: "Мо хидмати низомии олтернотивиро ҷорӣ мекунем, дар асоси қарордод фарзандонамон хидмат мекунанд. Акнун кодри босалоҳият ҳам омода кардан лозим аст. Мо ҳам рӯ ба он меорем, ки хидматчии касбӣ дошта бошем, яъне барои амнияти миллиямон хидмат кунем."

Зарурати роҳандозии хидмати сарбозии қарордодӣ дар Тоҷикистон аз муддатҳо қабл тавассути созмони мудофеъи ҳуқуқи башари "Ампаро" матраҳ шуда буд. Аммо гуфта мешавад мақомот ба пешниҳодҳои мукаррари ин созмон чандон эътиное накардаанд.

Аммо ба назар мерасад пас аз такя задан бар курсии риёсати ҷумҳурӣ барои чаҳорумин давра оқои Раҳмон моил аст ислоҳоте дар низоми артиш анҷом диҳад. Аз аввалин иқдомоти ӯ баъд аз интихобот барканории Шералӣ Хайруллоев аз вазорати дифоъ ва интисоби Шералӣ Мирзо ба ин симат будааст.

Оқои Хайруллоев 18 сол вазири дифоъ буд ва аз ҷумлаи мақомоте маҳсуб мешуд, ки тӯлонитарин давраи вазоратро доштанд. Чанде аз вузарои дигари кобинеи оқои Раҳмон низ, ки барои муддатҳои тӯлонӣ симатҳоеро ба уҳда доштанд, аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки имрӯз панҷ фарди ҷадид ба мақомҳои раҳбарӣ дар Ожонси мубориза бо фасод ва шуъбаи минтақаии он дар водии Рашт мансуб шудаанд.

Муъовини аввали раиси Додгоҳи вилояти мухтори Бадахшон ва раисони додгоҳҳо дар навоҳии Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон низ иваз шудаанд.

Чаҳор додрас дар додгоҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Румии вилояти Хатлон ба кор гумошта шудаанд. Додситони шаҳри Роғун ҳам иваз шудааст.

Матолиби муртабит