Раҳмон барои ширкат дар расми ифтитоҳи бозиҳои улампик ба Сучӣ рафт
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои улампики зимистонаи Сучӣ ба Русия сафар кардааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷа, Маликшо Неъматов, раиси кумитеи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ, ва Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ, ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин, Эркин Раҳматуллоев, ёвари раисҷумҳур, дар умури равобити байналмилалӣ ва Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитеи улампики Тоҷикистон низ ба Сучӣ сафар кардаанд.
Ин ҳайъатро дар фурӯдгоҳи Душанбе иддае аз мақомот, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ва Қоҳир Расулзода, нахуствазир, гусел карданд.
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёти бештаре дар ин бора пахш накардааст. Вале гуфта мешавад, ки эҳтимолан дар Сучӣ оқои Раҳмон бо ҳамтоёни рус ва қирғизи худ мулоқот ва таниш дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳад кард.
