Президент Раҳмон мавзӯъи бидеҳиҳои “Барқи тоҷик”-ро матраҳ кард
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори ҷустуҷӯи роҳҳои пардохти бидеҳиҳои ширкати “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” шуд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мавзъӯ асри панҷшанбеи 27 феврал Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Борис Ковалчук, раиси Идораи ширкати “РАО ЕЭС” –и Русия матраҳ шудааст.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ, масоили марбут ба фаъъолияти нерӯгоҳи “Саргтӯда-1” ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар моҳи июли соли 2009 бо сармояи давлати Русия бунёд шуда ва 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Русия тааллуқ мегирад.
Дар соли гузашта ин нерӯгоҳ ба миқдори 2 милёрд килувотт-соъат нерӯи барқ тавлид карда ва ширкати “Барқи тоҷик” аз масрафкунадагони аслии ин нерӯи барқ маҳсуб мешавад.
Бино ба иттилоъи манобеъи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бидеҳии ширкати “Барқи тоҷик” дар наздии ин ниҳод дар 1 январи соли ҷорӣ 427 милюн сомонӣ ё ҳудуди 90 милюн дулорро ташкил додааст.
Ҳамакнун, мақомоти давлати Тоҷикистон бо ҷониби Русия роҳҳои пардохти ин бидеҳиро баррасӣ мекунанд.
