Наздикони Гулнора Каримова ба додситонӣ эҳзор шуданд

Раҳбарони созмонҳои “Terra group”, “Prime Media” ва “Gamma promotion”, ки ба Гулнора Каримова, духтари Президент Каримов марбут хонда мешаванд, ба Додситонии кулли Узбакистон эҳзор шудаанд.
Бино ба иттилоъи Додситонии кулли Узбакистон, алайҳи Рустам Мадумаров, Гаяне Авакян ва Е. Клюева, раҳбарони ин созмонҳо, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо барои бозпурсӣ ба зӯр ба ин ниҳод оварда шудаанд.
Ба навиштаи Наталя Антелава, хабарнигори Би-би-сӣ, синни Гаяне Авакян болои бист буда ва ӯ дар яке аз фурӯшгоҳҳои Гулнора Каримова кор мекард.
Хонуми Авакян ба ҳангоми намоиши муди Гулнора Каримова дар шаҳри Маскав ба тими хонуми Каримова пайваста, баъдан ба ёвар ё дастёри содиқи ӯ мубаддал шуда ва дар соли гузашта дар меҳвари қазияи бузурги фасод дар Суис қарор доштааст.
Гуфта мешавад, ширкати “TeliaSonera” барои дарёфти муҷаввизи Узбакистон ба ширкати “Тикалант”, ки Гаяне Авакян раҳбарии онро ба уҳда дошт, ба миқдори 300 милюн дулор ришва пардохтааст.
Ба гуфтаи Гуннар Стетлер, додситони Суис, дар мавриди ба мақомоти Узбакистон пардохтани ришва аз сӯйи ширкати “TeliaSonera” шубҳае вуҷуд надорад. Зеро аз ин тариқ ин ширкат ба бозори Узбакистон роҳ ёфтааст.
Ҳамзамон, оқои Стетнер ин қазияро мураккаб хонда ва ба рабт доштани 10 давлати Урупо ба он ишора кардааст.
Рустам Мадумаров, фарди дигаре, ки ба додситонӣ эҳзор шудааст, низ аз афроди наздик ба Гулнора Каримова хонда мешавад. Гуфта мешавад, ширкатҳои тиҷорию мусиқии мавсум ба “Nirvana” ба Рустам Мадумаров мутаъаллиқ будааст.
Бар асоси натоиҷи бозрасии мустақилли рӯзноманигорони суэдӣ, мумкин аст ширкати иртибототи “TeliaSonera” барои ворид шудан ба бозори Узбакистон аз хидмати ширкатҳои оқои Мадумаров истифода карда бошад.
Бино ба иддаъои ин рӯзноманигорон, ширкатҳои МТС ва “ВимпелКом”-и Русия низ барои ворид шудан ба бозори иртибототи Узбакистон бо ширкатҳои “Takilant” ва “Swissdorn”, ки дар минтақаи офшурии Ҳибролтор сабти ном шудаанд, ҳамкорӣ кардаанд.
Дар гузориши солонаи ширкати “ВимпелКом”, ки рӯзноманигорони суэдӣ ба он дастрасӣ пайдо кардаанд, ширкатҳои “Takilant” ва “Swissdorn”дар як манзил дар Ҳибролтор сабти ном шудаанд. Дар ин санад Рустам Мадумаров раиси ширкати “Swissdorn” муъаррифӣ шудааст.
Ба эътиқоди рӯзноманигорони Суэд, оқои Мадумаров аз наздикони Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳурии Узбакистон маҳсуб шуда ва дар гурӯҳи мусиқии попи “Дадо” навозандагӣ мекунад.
Дар моҳи октябри соли гузашта дар Узбакистон ниҳодҳои интизомӣ алайҳи расонаҳои марбут ба Гулнора Каримова бозрасиро оғоз карданд ва фаъъолияти шабакаҳои родию, телевизиюн ва маҷаллаҳои мунтасаб ба хонуми Каримова мутаваққиф шудааст.
