Оё Гулнора Каримова ба хашми падараш рӯбарӯ шудааст?

  • 29 Октябр, 2013
Каримова
Image caption Ҳамчунин, шабакаҳои телевизиюну родию ва нашрияҳои давлатӣ дастур гирифтанд, аз пӯшиши ҷашнвораи “ArtWeek Style.uz”, ки хонуми Каримова мизбони он аст, худдорӣ кунанд.

Оғози тафтишоти ниҳодҳои тиҷоратии марбут ба Гулнора Каримова ва баста шудани шабакаҳои телевизиюнӣ ва родиюии ӯ дар ҷомеъаи Ӯзбакистон гумонҳоеро дар мавриди равобити ноҳамвори миёни Президент Каримов ва духтараш ба дунбол дорад.

Рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ шабакаҳои “TV Markaz”, “Forum TV”, “NTT” ва “SofTS Uzbekistan”, ки гуфта мешавад ба Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, муталлиқ буда ва дар ин шабакаҳо фаъъолияти сандуқи мавсум ба “Фонд Форуми” мунтазам пӯшиш меёбад, баста шуданд.

Пас аз ду рӯз шабакаҳои родюи “Zamin FM”, “A’lo FM” ва “Terra FM”-и муталлиқ ба ниҳоди “Terra Group”, ки таҳти назорати Гулнора Каримова аст, аз фаъъолият бозмонданд.

Ҳамчунин, шабакаҳои телевизиюну родию ва нашрияҳои давлатӣ дастур гирифтанд, аз пӯшиши ҷашнвораи “ArtWeek Style.uz”, ки хонуми Каримова мизбони он аст, худдорӣ кунанд.

Қаблан сафҳаи Гулнора Каримова дар Twitter нопадид шуда ва блоги ӯ дар Wordpress баста шуданд.

Чунин ба назар мерасад, ин иқдом барои коҳиши фаъъолияти иҷтимоъии Гулнора Каримова анҷом шуда, аммо рӯшан нест, ки ин амал аз ҷониби кӣ сурат гирифтааст.

Зеро дар шароити феълии Ӯзбакистон ҳеч мақоми баландпояи ин кишвар ин ҷуръатро надоранд, ки алайҳи духтари раиси ҷумҳурӣ кореро анҷом диҳанд.

Ба эътиқоди Камолиддин Раббимов, таҳлилгари ӯзбаки муқими Фаронса, мумкин аст дар паси ин ҳама иқдом Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон қарор дошта бошад.

Оқои Раббимов гуфт: “Ба андешаи ман, бастани шабакаҳои телевизиюну родию ва шабакаҳои иҷтимоъии Гулнора Каримова бо фармони Ислом Каримов анҷом шудааст. Зеро фаъъолияти иҷтимоъии хонуми Каримова ба эътибори низом ё режими сиёсии Президент Каримов латма ворид кардааст.”

Ӯ гуфт, имкон дорад мусоҳибаи Лола Каримова - Тиллоева бо Би-би-сӣ ба ҳамчунин тадобири сахтгирона алайҳи Гулнора Каримова заминасозӣ кардааст.

Камолиддин Раббимов мегӯяд бо эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъъолияти иҷтимоъии Гулнора Каримова, Президент Каримов талош дорад, имеҷи духтараш дар ҷомеъаро тағйир бидиҳад ва барои имкони муборизаи ӯ барои дарёфти курсии раиси ҷумҳурӣ дар авохири соли 2014 заминаи мусоъид фароҳам шавад.

Оқои Раббимов гуфт: “Аммо ҳоло ворисе, ки битавонад ду тақозои Ислом Каримовро бароварда кунад, вуҷуд надорад. Тақозои аввал садоқат ба оқои Каримов ва таъмини амнияти хонаводаи ӯ ва шарти дуюм - тавони дар даст доштани лаҷоми ҳукумат. Гулнора имкони баровада сохтани тақозои аввалро дошта, аммо тавони ҳукмрониро надорад. Аз сӯйи дигар афроде ба монанди Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон метавонанд ҳокимиятро дар даст нигоҳ доранд, аммо Ислом Каримов ба садоқати онҳо тардидҳо мекунад.”

Матолиби муртабит