Гулнора Каримова аз саҳнаи сиёсӣ канор меравад?

  • 1 Ноябр, 2013
Гулнора Каримова
Image caption Гуфта мешавад Гулнора Каримова аз сиёсат канор рафтааст

Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро “ҷаҳаннам” хонда ва гуфтааст, ки худро аз сиёсат канор мегирад.

Бархе аз таҳлилгарон ин иқдоми духтари раиси ҷумҳурии Узбакистонро як навъ “ба ғурури сиёсӣ нуқта гузоштан” талаққӣ карда ва бархе дигар онро токтики ҷадид ё назарфиребии хонуми Каримова хондаанд.

Ба эътиқоди Камолиддин Раббимов, коршиноси узбаки муқими Фаронса, рӯйдодҳои ахир ҳокӣ аз он аст, ки Гулнора Каримова дар вазъияти буҳронӣ ба сар мебарад.

Оқои Раббимов гуфт: “Барои бори аввал Гулнора Каримова иддаъоҳои мабнӣ бар талошаш барои касби қудрат дар Узбакистонро такзиб кардааст. Зеро ӯ дарк карда, ки ин талошҳо барояш мушкил эҷод карда ва аз тариқи пахши баёнияҳо қасд дорад вазъияти феълиро ислоҳ кунад.”

Сергей Ежков, хабарнигори маҳаллӣ дар шаҳри Тошканд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки қавли хонуми Каримова дар бораи қатъи талошаш барои касби қудрат собит аст.

Вай гуфт: “Бояд ба инсон эътимод кард. Агар Гулнора Каримова хоҳиши дар “ҷаҳаннам” кор кардан надошта бошад, воқеъан ӯ барои дастёбӣ ба ин ҳадаф мубориза нахоҳад кард. Ба ин васила, хонуми Каримова ба нухбагони сиёсии узбак паём мефиристад, ки дар ҳеч гуна бозиҳои сиёсӣ ширкат нахоҳад кард.”

Ҳамзамон, оқои Ежков гуфт, ки ҳоло мавзӯъи раёсати ҷумҳуриро матраҳ кардан бармаҳал буда ва баёнияҳои хонуми Каримова низ дар муборизот барои касби мақоми раиси ҷумҳурӣ асаре нахоҳад дошт.

Довталаби мақоми раҳбарӣ

Аммо Камолиддин Раббимов гуфт, ки Гулнора Каримова сармояи бузурге андӯхтааст ва аз ин лиҳоз, ба хотири ҳифзи сармоя ва амнияти худ барои касби "мероси падар" талош хоҳад кард. Танҳо дар сурати касби мақоми олии давлатӣ таъмини амният ва сармояашро замонат хоҳад дод.

Оқои Раббимов гуфт: “Ба назари ман, феълан Президент Каримов ба фикри ояндаи сиёсии духтараш аст. Ӯ вазъиятро ба таври ҳамаҷониба таҳлил карда ва бо духтараш сари ин мавзӯъ суҳбат хоҳад кард. Президент Каримов маҷбур аст, барои таъмини амнияти духтарон ва хонаводааш тадобири зарурӣ андешад.”

Image caption Дар пайи қатъи пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиюн ва родиюи мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова ӯ фаъъолияти худро дар шабакаи Туитер идома медиҳад

Ба эътиқоди ӯ, ба ҳамин хотир Ислом Каримов бар духтараш фишор овардааст. Зеро аъмоли духтараш ҳам барои худи ӯ, ҳам барои хонаводаи Каримов ва ҳам барои низоми сиёсӣ дар Узбакистон дарди сар эҷод кардааст. Аз ин лиҳоз, Президент Каримов водор шудааст, ки барои ислоҳи вазъият токтик ва истротежии духтарашро иваз кунад.

Гулнора Каримова аз довталабони аслӣ барои касби мақоми раиси ҷумҳурии Узбакистон маҳсуб мешуд, аммо то ба ҳол дар бораи имкони ширкаташ дар ин мубориза расман ибрози назаре накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Гулнора Каримова дар сафҳаи худ дар Туитер ба ин ишора карда, ки Рустам Иноятов, раиси Идораи амнияти милии Узбакистон (ИАМ), қасди расидан ба мақоми раёсати ҷумҳуриро дорад.

Ӯ дар Туитер навишт: “Агар шахси аввали идораи амният аз обрӯю нуфузи банда (яъне, Гулнора Каримова) дар ҷомеъа ҳарос дошта бошад, пас ӯ ният ва барномаҳои вижае дорад.”

Дар посух ба ин суол, ки “Оё оқои Иноятов вориди рақобатҳо барои курсии раёсати ҷумҳурӣ хоҳад шуд?” хонуми Каримова гуфтааст: “Бале! Ӯ аллакай муборизаро оғоз кардааст! Наход ин таҳаввул эҳсос нашавад? Вале ин ният ҷуз хаёли хоме беш нест.”

'Истолин падари ман аст'

Дар пайи қатъи пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиюн ва родиюи мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова ӯ фаъъолияти худро дар шабакаи иҷтимоъии Туитер идома додааст.

Хонуми Каримова аз тариқи ин шабака аз фаъъолияти шабакаҳои телевизиюну родиюи давлатии Узбакистон шадидан интиқод кардааст. Вай ҳамзамон, дар бораи Истолин, диктотури маъруфи шӯравӣ, ибрози назар кардааст.

Ӯ навишт: “Рафиқ Истолин буд ва ҳаст. Ин падари ман аст! Вай то замони марги ман ҳамчунон боқӣ мемонад. Василий Истолин. (Аз филми “Писари падари халқҳо”)”

Ба гуфтаи коршиносон, пушти фишорҳо бар фаъъолиятҳои тиҷории Гулнора Каримова шояд падараш Президент Каримов қарор дорад.

Аммо рӯшан нест, ки ёдоварии ӯ аз Истолин дар Туитер ба Ислом Каримов рабт мегирад ё хайр.

То ҳол Гулнора Каримова дар Туитер дар мавриди Президент Каримов ҳарфи баде нагуфта ва аз фаъъолияти ӯ интиқод накарда буд.

Матолиби муртабит