'Тасарруфи' манзили Гулнора Каримова тавассути як фаъъоли узбак дар Суис

Сафар Бекҷон, чеҳраи сиёсии узбаки муқими Суис, вило ё хонаи бузурги Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Узбакистонро дар шаҳри Женев "тасарруф кардааст."
Оқои Бекҷон иллати ин иқдомро чунин шарҳ дод: "Дирӯз, 23 декабр, ба манзили мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова, ки алайҳаш парванади ҷиноӣ боз шудааст, ворид шудем. Ҳузури мо муваққатист. Аз ин тариқ, мо Гулнора Каримоваро, ки барои анҷоми амалиёти бозрасӣ ҳозир нашудааст, водор хоҳем кард, ки барои собит кардани қонунӣ будани ин манзил ба Суис биёяд."
Ба эътиқоди ӯ, дар мавриди аз вило ихроҷ кардани онҳо тасмими додгоҳ лозим аст. Аз сӯйи дигар, аз раванди ҷаласаи додгоҳ ҷомеъаи Узбакистон ва ҷомеъаи байналмилалӣ огоҳ хоҳад шуд.
Сафар Бекҷон ба Би-би-сӣ гуфт: "Агар мо ин корро анҷом надиҳем, ин асрор ҳамчунон пинҳон боқӣ хоҳад монд. Мо ҷонибдори бозрасии воқеъӣ буда ва мехоҳем, ки ин ба раванди ҳақиқии сиёсӣ мубаддал шавад."
Ба гуфтаи оқои Бекҷон, ки раёсати Сандуқи демукросӣ дар Узбакистонро ба уҳда дорад, корҳои сохтмонӣ дар вилои Гулнора Каримова дар яке аз хиёбонҳои Женев ҳанӯз поён наёфта ва он дар ин авохир ҳифозат намешавад. Аз ин лиҳоз, ӯ қасд дорад, аз ин манзил барои фаъъолияти созмони худ истифода кунад.
Ӯ гуфт: "Ин амволи мардум аст, созмони мо барои мардум хидмат мекунад. Аз ин лиҳоз, мо то замони муроҷиъаи хонуми Каримова ба додгоҳ аз ин манзил барои баргузории тадобири фарҳангию сиёсӣ истифода хоҳем кард."
Гуфта мешавад, ки муддати тӯлонӣ дар ин вило касе зиндагӣ накарда ва он мақоми диплумотик надорад. Дар сурати муҳокимаи додгоҳӣ рӯшан хоҳад шуд, ки ин манзил то чи андоза қонунӣ аст ва бо пулҳои аз роҳҳои қонунӣ бадастомада харидорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Гулнора Каримова дар сафҳаи худ дар Твитер дар вокуниш ба "тасарруфи" манзилаш дар Суис Сафар Бекҷонро ба терурисм муттаҳам кардааст.
Хонуми Каримова навиштааст: "Бино ба иттилоъи шабакаҳои диплумотики кишварҳои Осиё, ин шахс, ки худ зодаи Туркия аст, дар созмони теруристии "Бӯзбӯрилар" ба чашм хӯрдааст.
Ҳамчунин, Гулнора Каримова ибрози таъаҷҷуб кардааст, ки чаро оқои Бекҷон манзили Лола Каримова-Тиллоеваро, ки аз манзили ӯ бузургтар буда ва дар наздики он воқеъ буд, тасарруф накардааст.
Би-би-сӣ барои шарҳи ин ҳодиса ба пулиси Женев муроҷиъа кард, аммо пулис ба далели манзили хусусӣ будан аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард.
Ҳамзамон, Силван Гийом Жантел, сухангӯйи пулис, гуфт, ки дар Суис барои тасарруфи манозиле, ки касе ба дар онҳо сар намебарад, ҳеч тадобири қонунӣ дар назар гирифта нашудааст.
Тафтишот
Додситони кунфедеросиюни Суис дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ чаҳор манзили маскунии мутаъаллиқ ба атбоъи узбакро тафтиш кардааст.
Манобеъи додситонӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки ин амалиёт бар пояи парвандаи ҷиноие, ки порсол боз шуда буд, аз ҷониби Идораи пулиси ҷиноии Суис дар ҳамкорӣ бо пулиси Женев анҷом шудааст.
Як манбаъи муътамад ба Би-би-сӣ гуфт, ки вилои мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз ҷумлаи манозили маскуниест, ки мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Зимнан, аваали марти соли ҷорӣ Муътабар Тоҷиева, як фаъъоли ҳуқуқи башар, ки дар ҷашнвораи филмҳои марбут ба ҳуқуқи башар дар Женев ширкат дошт, бо чанд тан аз фаъъолони ҳуқуқи башар ба дидани манзили Гулнора Каримова дар минтақаи сарватмандони мавсум ба Кулуниё рафта буд.
Онҳо қасд доштанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба зиндагии бошукӯҳ ва бокарруфари духтари раисҷумҳури Узбакистон ҷалб кунанд. Гулнора Каримова ин амалро ба унвони “бахше аз талошҳо барои бадном кардани" ӯ маҳкум карда буд.
Рӯзҳои 17 ва 18 июни соли ҷорӣ дар бораи ба дарҳои манзили Гулнора Каримова дар Порис ва вилояш дар фароғатгоҳи Сан Тропеи Фаронса муҳр задан хабаре пахш шуда буд.
Он замон пулиси Фаронса ин амалиётро ба бозрасии парвандаи ҷиноӣ дар мавриди пулшӯйӣ дар Суис рабт дода буд.
Додситонии Суис бар асоси дархости ин идора анҷоми амалиёти ниҳодҳои интизомии Фаронса дар манозили духтари бузурги раиси ҷумҳурии Узбакистонро таъйид карда ва гуфтааст: "Ҳадаф аз ин амалиёт ба даст овардани асноди зарурӣ маҳсуб мешуд."
