Дидори Раҳмон бо муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ

  • 10 Феврал, 2014

Президент Раҳмон бо Лора Так, муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Урупо ва Осиёи Марказӣ роҳҳои иҷрои Истротежии кишварии Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018-ро баррасӣ кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибҳо раванди ташхиси иқтисодию фаннӣ ва экулуҷию иҷтимоъии тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун, эҳдоси хатти барқи 500 килувоти CASA-1000 ва сармоягузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро матраҳ кардаанд.

Аз замони оғози ҳамкориҳо дар авоили даҳаи 1990 то ба ҳол Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 750 милюн дулори омрикоӣ воми ботахфиф, кумаки билоивази молӣ ва кумаки фаннӣ тахсис додааст.

Феълан дар Тоҷикистон 13 тарҳи кумакҳои билоивази Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҳазинааш 223 милюн дулор аст, дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, маориф, беҳдошт, таъмини об ва ислоҳоти идораи давлатӣ рӯйи даст гирифта шудааст.