Ҷалби занон ба фаъъолиятҳои минрубӣ дар Тоҷикистон

  • 7 Апрел, 2014
Поксозии минImage copyrightBBC World Service
Image caption Нахустин гурӯҳи занон ва духтарони минрӯби Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангир фаъъолият дорад

Нахустин гурӯҳи занону духтарони минрӯб бо ҳимояти Маркази минзудоии Тоҷикистон ва созмони башардӯстонаи Кумаки Мардуми Нурвеж барои минзудоӣ ба фаъъолияти минрӯбӣ оғоз кард.

Тавре ки масъулони Маркази минзудоии Тоҷикистон мегӯянд, ин нахустин бор аст, ки онҳо духтарон ва занонро ба кори поксозии мин дар ин кишвар ҷалб мекунанд.

Муҳаббат Иброҳимзода, раиси ин марказ, рӯзи душанбеи 7 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки 10 нафар аз занону духтарон, умдатан дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба фаъъолиятҳои минзудоӣ пардохтаанд.

Вай афзуд: "Дар оғоз 25 нафар довталаб буданд. Аз миёни онҳо пас аз гузаштани омӯзишҳои вижаи назарӣ ва таҷрубӣ ва баъд аз санҷиши дақиқу фарогир 10 нафар аз занону духтарон бо хоҳиши худашон интихоб шуданд ва корашонро бо муваффақият анҷом медиҳанд."

Оқои Иброҳимзода мегӯяд, ки минрӯбҳои тоҷик то ҳол беш аз 12,5 килуметри мураббаъ аз арозии Тоҷикистонро аз мин пок карда ва ба масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар таҳвил додаанд.

Ӯ афзуд, ки то ҳол 8,9 килуметри мураббаъ майдони мин ва 2,3 килуметри мураббаъ майдонии ҳовии маводди мунфаҷира дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки марҳила ба марҳила поксозӣ хоҳад шуд.

Бар асоси Кунвонсиюни Утово (Отава) дар бораи минзудоӣ, давлати Тоҷикистон мутаъаҳҳид аст, ки то аввали моҳи апрели соли 2020 ҳамаи манотиқи ин кишварро аз мин пок кунад.

Бар асоси иттилоъи Маркази минзудоии Тоҷикистон, аз соли 1992 то ба ҳол дар ин кишвар 847 нафар аз инфиҷори мин ва маводди мунфаҷира осеб дидаанд. Аз ин ҷумла 370 нафар кушта ва 477 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Матолиби муртабит