Кумаки Жопун дар поксозии манотиқи Тоҷикистон аз мин
Давлати Жопун барои иҷрои тарҳи аз мин пок сохтани манотиқи минкоришуда дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон 212 ҳазор дулор масраф кардааст.
Амалиёти минрӯбӣ дар ин минтақа дар зарфи як соли ахир аз ҷониби Сандуқи минрӯбии Суис анҷом шудааст.
Дар як маросими вижа бо ширкати Хироюкӣ Имахашӣ, сафири Жопун ва Ричард Шмидт, раҳбари дафтари Сандуқи минрӯбии Суис дар Тоҷикистон, заминҳои аз хатари минҳо амн барои истифода ба ихтиёри ҳукумати маҳаллӣ вогузор шудааст.
Гуфта мешавад, истифодаи таҷҳизоти мудерни минрӯбии мавсум ба “MV-4” дар амалиёти минрӯбӣ раванди поксозии майдонҳо аз мин тасреъ шуда ва хатари бархӯрди минрӯбҳо бо мин ҷиддан коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилоъи Сандуқи минрӯбии Суис, аз моҳи марти соли гузашта то апрели моҳи ҷорӣ ин ниҳод дар навоҳии Фархор, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳртус 590 ҳазор метри мураббаъи майдонро аз мин ва маводди мухталифи мунфаҷира пок сохтааст.
Кумакҳои билоивази молии давлати Жопун ба сокинони Тоҷикистон дар соли 1996 шурӯъ шуда ва аз он замон то ба ҳол дар ин замина 301тарҳ, ки ҳазинаи умумиаш 23,2 милюн дулор аст, ба маърази иҷро даромадааст.
