Достони ишқи ҳунарпешае, ки аз пушти саҳна рабуда шуд

  • 8 Март, 2014
Арафомоҳ ва ҶӯраImage copyrightBBC World Service
Image caption Хонум Сафарова гуфт, ки шавҳараш ба ҳангоми иҷрои рақси “Духтари озод” ӯро аз пушти саҳна рабудааст

Дар остонаи таҷлил аз "Рӯзи байналмилалии занон", ки дар Тоҷикистон ба "Рӯзи модар" табдили ном карда, ба ноҳияи Данғара ба дидани зане 80-сола, Арафамоҳ Сафарова, рафтам.

Зиндагиии хонум Сафарова барои даҳҳо зани ин ноҳия улгӯ маҳсуб мешавад, ки барои пойдории хонавода ва хушбахт буданашон аз ин зан машварат мегирифтаанд.

Гуфта мешавад даҳҳо хонавода пеш аз ҷашни арӯсӣ ба суроғи Арафамоҳ ва шавҳараш Ҷӯра Тағоев меоянд, муҳоҷирони корӣ пеш аз сафар аз онҳо дуъо мегиранд.

Дар зиндагии муштараки худ бо шавҳараш, ин ҳунарманди мардумӣ 11 фарзандро ба воя расондааст. Аммо хонум Сафарова мегӯяд, ки намедонад чанд набера дорад, чун онҳо зиёд будаанд.

Ин зани ҳунарманд ҳамасола дар "Рӯзи байналмилалии занон" дар ин ноҳия рақсу овозхонӣ ва шеърҳояшро қироат мекунад.

Вақте, ки мо дар хонааш будем, барои Рӯзи байналмилалии занон либосҳои саҳнаашро омода карда буд, аммо фурсат пайдо намуда, нахуст аз достони ишқаш бо мо суҳбат кард.

Хонум Сафарова гуфт, ки Ҷӯра Тағоев, ки аз аъзои тими ҳунарии онҳо буд, ба вақти иҷрои рақси “Духтари озод” ба ӯ ошиқ шуда ва ӯро аз пушти пардаи саҳна дуздидааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Арафамоҳ: "Вақте ба хонаашон расидем хонаҳояшон аз коҳ сохта шуда буд, вале муҳаббат маро пойбанд кард..."

Вай мегӯяд, ки 50 сол қабл вақте як духтар дуздида мешуд, дигар имкони бозгашт ба хонаи падарро надошт: "Дар Сталинобод ё Душанбеи феълӣ дар назди шоҳи вақти Афғонистон тарона хонда, рақсидам, Ҷӯра маро дуздида, ба Варзоб бурд."

"Онҷо як ҳафта мондем ва падарам, ки аз шахсиятҳои шинохтаи Балҷувон ва аз пайвандони Мири Балҷувон буд, аз ин кор ба ғазаб омад, вале шавҳарам, ки ошиқи ҳақиқӣ буд, барои ба ман расидан мубориза бурд ва муваффақ шуд."

Вай ёдовар шуд, ки дуздиданаш аз сӯи ҷавоне, ки ҳоло шавҳараш аст, дар рӯзи ҷашни 25-солагии Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст.

Арафамоҳ Сафарова мегӯяд, ки ба нигоҳҳои зебои шавҳараш одат карда буд ва бо вай аз пушти саҳна фирор кард: "Вале фиребам дод, ки аз хонаводаи сарватманд аст. Вақте ба хонаашон расидем, хонаҳояшон аз коҳ сохта шуда буд, вале муҳаббат маро пойбанд кард, ки бо мушкилоти зиёде зиндагӣ кардем."

Ҳоло, ки солманд аст, хонум Сафарова дигар мисли солҳои пешин мадори рақсандагӣ надорад, кам рақс мекунад ва танҳо дар рӯзҳои ид овозхонӣ мекунад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонум Сафарова мегӯяд, ки мисли солҳои пеш мадори рақс кардан надорад

Дар хонааш барои арӯсу домод порчаҳоро гулдӯзӣ мекунад ва барои онҳо аз тикаҳо рӯимол ва хилқати арӯсӣ медӯзад, дар вақти бекорӣ дар канори шавҳараш нишаста, шеър менависад.

Ин шеър аз китоби "Ҳаваси пирӣ"-и Арафамоҳ Сафарова аст:

Менависам сатрҳо аз кору бори зиндагӣ, То бимонад ҷовидон дар кӯлвори зиндагӣ. Медавем дар шоҳроҳи орзуҳояш мудом, Пешпо хӯрдем бас дар корзори зиндагӣ.

Арафамоҳ Сафарова гуфт, ки шавҳари 90-солааш шояд сармо хӯрдааст, ки нотоб аст, аммо дар баробари дармони пизишкон барои шавҳараш низ шеър менависад:

Ҷӯра шуд бемору ман бемордорӣ мекунам, Гирди вай мегардаму ҳам ғамгусорӣ мекунам. Шаст соли умри мо бо ҳам ширин будааст, Ӯ ба ман хеле азиз аст, дасти ёрӣ мекунам.

Ҷӯра Тағоев, шавҳари 90-солаи Арафамоҳ, мегӯяд вақте ки як духтари ноболиғро ба хона овард, падару модараш ӯро сарзанишу маломат кардаанд: "Он вақт агар зани рақсанда ё овозхон мегирифтӣ, ангуштнамои мардум мешудӣ, вале ман ин қолабро шикастам."

Арафамоҳ Сафарова баъди арӯсӣ ва сокин шудан дар ноҳияи Данғара муддате вакили маҳаллӣ буд. Вай мегӯяд, ки бештар аз занҳо пуштибонӣ мекард ва талош дошт, ки занони рустоӣ дар ҷомеъа ҷойгоҳу мавқеъияти барҷастае пайдо кунанд.

Ба гуфтаи ҳунаршиносони маҳаллӣ, мисли Арафамоҳ Сафарова дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон даҳҳо зани ҳунарманду овозхон ва рақсанда зиндагӣ мекунанд, аммо ҳамаи онҳо дар ҳаёти заношавҳарӣ мисли ӯ хушбахт набудаанд. Бахусус занҳое, ки бе унвон ҳастанду ҳамчун ҳунарманди мардумӣ мерақсанд.

Дар ҷомеъаи суннатгарои Тоҷикистон, бавижа дар рустоҳо, таъассуб ва пешфарзҳое дар бораи занони ҳунарманд ҳамчунон вуҷуд дорад ва хонаводаҳо аз ҳунарпеша шудани духтаронашон монеъ мешаванд.

Матолиби муртабит