Занони гиёҳфурӯш бо хатароти мухталифе дар кӯҳҳо рӯбарӯ ҳастанд

  • 31 Март, 2014
Бозори гиёҳҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Аксари занони гиёҳфурӯш дар бозорҳои бузурги шаҳр даст ба фурӯши он мезананд

Дарёгул Давлатова, як зани бознишастаи 60-сола аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст, ки дар баҳор аз кӯҳҳо гиёҳҳоро ҷаъмоварӣ мекунад ва дар бозор ба фурӯш мегузорад.

Хонуми Давлатова гуфт, ки бештаре аз занҳои рустоӣ дар баҳорон бо ҷамъоварии ин гиёҳҳо ва омода кардани ғазоҳо аз онон барои хонаводаи худ даромаде хубе ба даст меоранд.

Вай гуфт: "Мо ба кӯҳ баромада растаниҳои хӯрданибобро ҷаъмоварӣ мекунем ва дар бозорчаҳое дар роҳҳои мошингард мефӯрушем. Даромади ноҷизе, ки фурӯши растаниҳо барои хонаводаамон ба даст меорем."

Аммо ӯ мегӯяд, ин кор ба ҷони занон, ки водор мешаванд ба баландии кӯҳҳо бароянд хатарнок будааст. Хонуми Давлатова афзуд: "Ин аслан кори мардҳо мебошад, вале мардҳои хонавода дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд."

Бо гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои аввали баҳор дар бозорҳои бузург ва кучак дар вилояти Хатлон ановини зиёди гиёҳҳо ба мушоҳида мерасанд ва аксари фурӯшандагони онон занон ва духтарон мебошанд. Ҳамчунин аз ин гиёҳҳо ғазоҳои мухталифе омода мешаванд, ки низ дар бозорҳо ба фурӯш гузошта мешаванд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳамчунин аз ин гиёҳҳо ғазоҳои мухталифе омода мешаванд, ки низ дар бозорҳо ба фурӯш гузошта мешаванд

Монанди Дарёгул даҳҳо зани дигари рустоҳо дар вилояти Хатлон барои ҷаъмоварӣ ва фурӯши гиёҳҳо дар баҳор ба куҳҳо мебароянд, ҳарчанд аксари онҳо мегӯянд, ки дар вақти чидани ин гиёҳҳо дар кӯҳ ва теппаҳо бо марг дасту панҷа нарм мекунанд.

Аммо бо вуҷуди ин, ниёзмандиҳои рӯзгор онҳоро водор мекунад, ки ҳамасола ба кӯҳҳо бароянд ва барои ба даст овардани сармоя даст ба ҷамъоварии гиёҳҳо зананд.

Дар ҳамин ҳол масъулони бозори "Фаровон"-и шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар баҳори соли ҷорӣ шумори фурӯшандагони растаниҳои кӯҳӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Саломат, як зани дигари фурӯшандаи растаниҳо дар ин бозор аст ва ӯ мегӯяд, ки харидорони аслии онҳо сокинони шаҳрнишин будаанд, ки аз ин гиёҳҳо ғазоҳои мухталиф омода месозанд.

Ӯ гуфт: "Имсол харидорони алаф дар бозор зиёд шудааст ва қимати гиёҳҳо низ дар муқоиса ба соли гузашта фарқ дорад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Азимов мегӯяд, аксари мардум, ки дар фақру нодорӣ ба сар мебарад, ҳамин растаниҳои шифоиро масраф мекунанд

Ановини гиёҳҳое, ки занони хатлонӣ бештар дар бозорҳои вилоят ба фурӯш мегузоранд, монанди кокутӣ, ҷағҷақ, шулхаи кӯҳӣ, гӯши бузак, камол, ров, сиёҳалаф гӯши филак, шибитак, испалоқ, кравшак, пудинаи ҷангалӣ ва сузанак мебошад. Ҳар яке аз ин гиёҳҳо қимати вижае доранд.

Тӯрамоҳ, сокини шаҳри Қурғонтеппа мегӯяд, ки вай натанҳо ин гиёҳҳоро барои фурӯш ҷамъоварӣ мекунад, балки барои аъзои хонаводаи худ низ аз онҳо ғазоҳои гуногун омода месозад.

Тӯрамоҳ гуфт, ки ғазо аз гиёҳ дар фасли баҳор барои кӯдакон зарур будааст ва ӯ гуфт: "Аз растаниҳои мухталиф самбӯсаи алафӣ, манту ва оталаю алафҷӯшак омода мекунам, ки тамоми аъзои хонавода онро дӯст медоранд."

Турсунбой Азимов, гиёҳшинос аз Хатлон мегӯяд, ки бисёре аз гиёҳҳои кӯҳӣ барои бадани инсон шифобахш ҳастанд ва масрафи онон судовар мебошад, зеро дар таркиби ин гиёҳҳо витоминҳои зиёде мавҷуданд.

Оқои Азимов мегӯяд, аксари мардум, ки дар фақру нодорӣ ба сар мебарад ва имкони харидории гӯшт ва бархе дигар аз маводди лозима барои бадани инсонро надоранд, масрафи ҳамин растаниҳои шифоӣ ба онҳо энержӣ медиҳад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Кокути, ҷағҷақ, шулхаи кӯҳӣ, гӯши бузак, камол, ров, сиёҳалаф гӯши филак, шибитак, испалоқ, кравшак, пудинаи ҷангалӣ ва сузанак, аз ҷумлаи гиёҳҳое ҳастанд, ки мардум онро ба фурӯш мегузоранд

Оқои Азимов афзуд: "Мардуми камбизоъат гӯштро намебинад, аммо ҳамин рустаниҳои табобатии кӯҳистонӣ витоминҳои гуногун дорад ва ба мардум нерӯ медиҳад."

Аз сӯйи дигар, оқои Азимов гуфт, ки дар таркиби баъзе аз ин гиёҳҳо заҳр низ мавҷуд будааст ва аз ин рӯ қабл аз масрафи он ин гиёҳҳо бояд чандин бор ҷӯшонида шавад.

Ба ақидаи иддае аз гиёҳшиносон дар вилояти Хатлон, дар ин минтақа аксари мардум пеш аз истеъмоли растаниҳо аз пизишкон машварат намегирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол идораи ҳифзи муҳити зист дар Хатлон аз ҷаъмоварии гиёҳҳои кӯҳӣ ва ба фурӯш гузоштани изҳори нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, агар аз чидани растаниҳои кӯҳӣ пешгирӣ нашавад, дар оянда ановини бисёре аз ин гиёҳҳо нобуд хоҳанд шуд. Ва ин омил метавонад ба табиъати атроф таъсири манфӣ гузорад.

Аммо дар сурати пешгирӣ аз ҷаъмоварӣ ва фурӯши растаниҳо дар бозору ҷодаҳо даҳо зану марди хатлонӣ аз ба даст овардани даромад аз ин кор бенасиб мемонанд.

Матолиби муртабит