Набуди пизишкон ва зоимони пурхавф дар рустоҳои кӯҳистонии Хатлон
Image copyrightBBC World ServiceМомагул номи мустаъори як зани ҷавон аз вилояти Хатлон аст, ки вақти зоимони фарзандаш бо марг дасту панҷа нарм кардааст.
Момагул мегӯяд, ки ӯ фарзандашро дар дохили мошин дар роҳ ба сӯи бемористон таваллуд карда ва фарзандаш фавт кардааст: "Дар деҳаи мо агар барф борад ва бориши борон зиёд шавад, роҳҳо баста мешаванд ва рафту омади мошин душвор мешавад. Ба ҳамин хотир наметавонем, ки ба бемористон муроҷиъа кунем. Дар деҳаи мо пизишк нест ва ба ҳамин далел тифламро баъди таваллуд аз даст додам."
Таваллуди фарзанд барои Момагул ва даҳҳо зани дигар дар манотиқи рустоии ин вилоят ба далели набуди пизишкон бо мушкилоте ҳамроҳ будааст. Сокинони рустоҳои кӯҳистонии Хатлон мегӯянд, ки ин рустоҳо аз марокизи шаҳристонҳо фарсахҳо дур буда ва пизишкон дар ин рустоҳо кор намекунанд.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, ки дар деҳаҳои онҳо бунгоҳҳои тиббӣ нест ва ба ҳамин далел афроде, ки бемор мешаванд, маҷбуранд роҳи дарозеро тай карда ва ба марокизи навоҳӣ бираванд. Аммо дар замистону баҳор, ки бориши барфу борон зиёд мешавад, беморон имкони рафтан ба бемористонҳоро надоранд.
Аноргул, як сокини дигари ноҳияи Шӯрообод, замони бориши барф дар чанд ҳафтаи ахир дар роҳ ба сӯи бемористонкӯдакашро ба дунё оварда, аммо фарзандаш фавт кардааст.
Як сокини рустои Оби Тира аз деҳистони Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ҳам дар суҳбате телефунӣ аз мушкили набуди пизишкон дар ин русто изҳори нигаронӣ кард.
Ин мард, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки чанд сол қабл ҳамсараш дар роҳ таваллуд карда ва фарзандаш дар дохили мошин фавт кардааст. Ҳамин воқеъа ахиран бо фарди дигаре ҳам рух додааст.
Вай афзуд: "Чанд рӯз пеш як зан, ки мехостем ӯро ба беморхона барем, таваллуд кард ва фарзандашро аз даст дод ва зан худаш дар ҳолати вахиме қарор гирифт. Инҷо як бунгоҳи тиббӣ дорем, вале пизишкон нестанд, ба ҳукумати ноҳияи Шӯрообод борҳо муроҷиъа кардем, вале мушкили моро ҳал намекунанд."
"Роҳ дур аст, мошинҳо ба бемористон намераванд, зиндагии сокинони ду деҳаи дигар низ ҳамин гуна аст."
Дар ҳамин ҳол, бахши тандурустӣ ва таъмини иҷтимоъии вилояти Хатлон таъйид кард, ки дар шаҳру навоҳии вилоят рустоҳои кӯҳистонӣ ва дурдасте мавҷуданд, ки сокинонаш пайваста аз ин вазъ шикоят мекунанд.
Содиқҷон Долиев, як масъули ин ниҳод, гуфт, ки дар чорчӯби барномаи тавсеъаи бахши тандурустӣ дар ин рустоҳо бояд бунгоҳҳои тиббӣ сохта шаванд.
Оқои Долиев мегӯяд, ки ин бунгоҳҳои тиббӣ дар зарфи се сол бояд пурра сохта шаванд: "Аз мушкили мардуми рустоҳои кӯҳистонӣ хабар дорем, онҷо дар зимистон ҳаракати мошин душвор мешавад ва мардум наметавонад, ки аз пизишкон машварат бигиранд."
Оқои Долиев гуфт, ки бунгоҳҳои тиббӣ дар рустоҳое сохта мешаванд, ки онҷо аҳолӣ дасткам 500 то 600 нафар аст, аммо дар рустоҳое, ки ҷамъияташон камтар аст, бунгоҳҳои тиббӣ сохта намешаванд.
Соли 2013 дар рустоҳои дурдаст ва кӯҳистонии вилояти Хатлон 75 бунгоҳҳи тиббӣ сохта шудааст.
Масъулони идораи тандурустии вилоят аз ироаи омори заноне, ки дар хона ё дар танҳоӣ зоимон карда ва фарзандонашон фавт кардаанд худдорӣ кард, вале гуфтанд, ки зоимон дар хона коҳиш ёфтааст.
Сокинони рустоҳои кӯҳистонӣ мегӯянд, ки онҳо дигар дар хона зоимон намекунанд, чун медонанд, ки зоимон дар хона барои ҷони зан ва фарзандаш хатар дорад.
Алифмоҳ Ҳафизова, як сокини ноҳияи Ховалинг, гуфт, ки дар замони Шӯравӣ 9 фарзандашро дар хона таваллуд кардааст, аммо духтарашро барои таваллуд ба бемористон бурдааст.
Хонум Ҳафизова мегӯяд, ки он вақт занони рустоӣ шароити хуб доштанд ва зоимон дар хона хатар надошт: "Ман фарзандонамро дар хона таваллуд кардам, вале духтарамро ба беморхона овардам. Ҳозир занон дигар мисли солҳои пеш нестанд. Онҳо дар вақти бордорӣ ғизои хуб надоранд, аз камхунӣ ва бемадории зиёд шикоят мекунанд."
Ин дар холест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, беш аз 60 дар сад аз занони бордор дар ин вилоят аз камхунӣ шикоят доштаанд ва онҳо тавони зоимон дар хонаро надоранд.
Зимистони ҷорӣ, ки дар рустоҳои кӯҳистонӣ бориши барф аз 30 то 90 сонтиметр буд ва дар баробари хисороти зиёд ба мардум ҳамчунин занони ҳомиларо ба вақти зоимон бо хатари марг рӯбарӯ кардааст.
