Додситонӣ дар Хатлон се сокинро ба таҷовуз ба номус муттаҳам кард

  • 24 Март, 2014
Духтари ноболиғImage copyrightBBC World Service
Image caption Бархе аз қурбониёни таҷовуз ба номус, аз ҷумлаи духтарони ноболиғ бо тарс аз он чи онро “бадномӣ дар ҷомеъа” фикр мекунанд, аз ин маврид шикоят намебаранд

Додситони ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон алайҳи се нафар ба иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардаст.

Ин се муттаҳамони дар амалиёти вижаи пулис ноҳия боздошт шуда ва додситонӣ мегӯяд, ки онҳо ба таҷовузи духтари ноболиғ муттаҳам ҳастанд.

Кормандони ин ниҳод таҳқиқоти парвандаи ҷиноиро тибқи моддаи 141 қисми як, яъне алоқаи ҷинсӣ ва хусусияти шаҳвонӣ бо ноболиғи қонуни ҷазои Тоҷикистон идома медиҳанд.

Нозим Назархудоев, сардори идораи пулиси ноҳияи Носири Хусрав дар мавриди ҷузъиёти бештаре аз ин ҷурм гуфт, ин се нафар даст ба таҷовузи шогирди як мактабӣ ҳамагонии ҳамин ноҳия задаанд.

Оқои Назархудоев аз ифшо кардани ҳуввияти ин духтари ноболиғ бо дарназардошти амнияти духтар худдорӣ кард, аммо вай ба Би-би-сӣ гуфт: “Ду нафар аз муттаҳамон Раҳмиддин Мирзошоев, равоншиноси бемористони маказии ноҳияи Қубодиён ва Ҷаҳонгир Шарипов, ки ба соҳибкорӣ машғул будааст, ҳастанд.”

Аз сӯйи дигар дар ҷараёни таҳқиқотит пулис мушаххас шудааст, ки ин духтари ноболиғ дар гузашта низ таҷовуз шудааст ва дар пулис ба дунболи таҳқиқот Насим Пиров, сокини ноҳияи Носири Хусравро низ боздошт кардааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Назархудоев аз ифшо кардани ҳуввияти ин духтари ноболиғ бо дарназардошти амнияташ худдорӣ кард

Таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар як ноҳияи вилояти Хатлон дар ҳоле идома дорад, ки дар аввали соли ҷорӣ, масъулони созмони ғайридавлатии мавсум ба “Моҳи мунир” бо нигаронӣ аз афзоиши ҷурми таҷовуз ба номус дар ин вилоят гурӯҳеро аз ҷумлаи рӯҳониёни саршинос ва имом-хатибон дар ноҳияи Қумсангир таъсис додаанд.

Ин тим бо сокинони вилоят мулоқотҳое анҷом дод ва дар ҷараёни онҳо аз авоқиби номатлуби ҷароими мухталиф, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ ва таҷовуз ба номус суҳбат карданд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони иҷтимоъӣ мегӯянд, ки яке аз авомили ба худкушӣ даст задани занон ва духтарон дар бархе аз навоҳии дуруфтод дар Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирифтани онҳо будааст.

Аммо дар аксари маворид пайвандони ин афрод бо бим аз ангуштнамои шудани хонавода аз ифшои сабаби аслии худкушии ин занону духтарон худдорӣ мекунанд.

Ҳамчунин бархе аз қурбониёни ин ҷурм, аз ҷумлаи духтарони ноболиғ низ бо тарс аз он чи онро “бадномӣ дар ҷомеъа” фикр мекунанд, аз мавриди таҷовуз шудани худ ба кормандони интизомӣ шикоят намебаранд ва ҳатто онро аз волидони худ пинҳон медоранд.

Матолиби муртабит